Тавре ба ҳама маълум аст, дар давлатҳои пешрафтаи дунё одамон бештар дучарха меронанд. Дучархаронӣ ба саломатии инсон фоидаи зиёде дорад.
Велосипедронӣ фаъолияти узвҳои ҳозимаро танзим намуда, боиси осоншавии ҳазми ғизо ва хоби ороми шахс мегардад.
Исбот шудааст, ки рондани дучарха ба мустаҳкамшавии системаи муҳофизатии организми инсон-иммунитет мусоидат менамояд.
Барои шахсоне, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, велосипедронӣ усули беҳтарини харобшавӣ мебошад.
Рондани дучарха стрессро коҳиш дода, раванди пиршавии ҷисми инсонро ба таъхир меандозад ва боиси ҷавон мондан мегардад.
Ҳангоми рондани дучарха фаъолияти майнаи сар беҳтар мегардад.
Велосипедронӣ бемориҳои системаи рагҳоро пешгирӣ менамояд ва ҳамзамон шушро тоза мекунад.
Рондани дучарха бемориҳои чашмро пешгирӣ мекунад.