arzon replenishment
7- беморие, ки аз пурхӯрӣ сар мезанад
712


Пурхӯрӣ гуфта, ҳолатеро дар назар доранд, ки инсон аз меъёр зиёд ғизо истеъмол мекунад ва то вақте ки меъдааш пур шуда, шикамаш дамиш карда ба дард наояд, аз таом даст барнамедорад.

Гуруснагӣ гунаҳкор

Яке аз сабабҳои пурхӯрӣ риоя накардан ба реҷаи хӯрокхӯрӣ аст. Вақте ки одам рӯзи дароз чизе ба даҳон намебарад, сахт гурусна мемонад ва ҳамин чиз боис мегардад, ки шомгоҳон дастурхонро холӣ кунад.

Чӣ бояд кард?
Хӯрдани хӯроки аз меъёр зиёд боиси дамиш кардани шикам, қайкунӣ ва заҳролуд шудани организм гашта метавонад, бинобар ин, инсон бояд дар ҳама ҳолат лаҷоми нафсашро кашида тавонад.

Вақте ки дастурхон пур аз нозу неъмат аст
Боз як сабаби пурхӯрӣ ин дастурхони пур аз нозу неъмат аст. Вақте ки хӯрданиҳои лазизи зиёдеро назди шахс мегузоранд, дил мехоҳад аз ҳар кадомаш даҳон ширин кунад, вале...

Чӣ бояд кард?
Фаромӯш накунед, вақте ки кас хӯришу ширинию хӯрокҳои ҳархеларо бебаркаш хӯрдан мегирад, ин пурхӯрӣ метавонад боиси заҳролудшавии организм ва туршшавии ғизо дар меъда гардад. Солим будан хоҳед, хӯрокҳои туршу ширинро омехта насозед ва аз меъёр зиёд нахӯред.

Айби маҳфили дӯстона
Боз як ҳолате, ки боиси пурхӯрӣ мегардад, ин ҷамъ шудани ҳамкорон дар сари як дастурхон ба ягон муносибат, гаштаки дӯстона ва иду айём, аз ҷумла идҳои рамазон ва қурбон аст. Вақте ки бо одамони наздикат дар сари хони пурнозу неъмат мешинӣ, саргарми сӯҳбати ширин шуда, кас баъзан аз меъёр зиёд хӯрок хӯрданашро нафаҳмида мемонад.

Чӣ бояд кард?
Маъмулан дар чунин рӯзҳо дастурхонро аз анвои хӯрданиҳои лазиз пур мекунанд. Барои он ки баъди маҳфил бемор нашавед, аз хӯрок ва хӯришу шириниҳо кам-кам ба даҳон баред ва ғизоро нағз хоида, баъдан фурӯ баред, то ки ҳазмаш барои меъда осонтар шавад. Донаву бодом ва мағзу чағзро бебаркаш нахӯред, чунки маҳз донагиҳо аксаран боиси дамиши шикам ва қайкунӣ мегардад.

Пурхӯрӣ аз асабоният
Боз як сабаби дигари пурхӯрӣ ин асабоният мебшад. Баъзе одамон вақте аз чизе ранҷида, табъашон вайрон мешавад, иштиҳояшон якбора кушода мешавад. Дар ин ҳолат бар асари асабонияти шадид кас сер шудани худро ҳис намекунад.

Чӣ бояд кард?
Ғизое, ки кас бар асари асабонияти шадид истеъмол мекунад, ба ҷойи фоида расондан метавонад ба организми кас зарар расонад. Дар ин ҳолат шахси озурда гӯё ҳамроҳи ғизо заҳри навмедӣ, озурдагӣ, ранҷиш, бадбинӣ, зиқӣ, танҳоӣ ва дигар нохушиҳоро фурӯ мебарад, бинобар ин, вақте асабонӣ ҳастед, қасдатонро аз хӯрок гирифта, сари дастурхон нашинед.

Пурхӯрии шабона
Пурхӯрии шабона ба пурхӯрӣ аз асабоният шабоҳат дорад. Фарқ танҳо дар он аст, ки шахс рӯзона аслан майли хӯрокхӯрӣ надорад, вале ҳамин ки шаб шуд, якбора иштиҳояш кушода шуда, хурдро аз хӯрдан боздошта наметавонад. Ҳолатҳое низ мешаванд, ки ҳатто нимаҳои шаб бедор шуда, шахс ба сӯйи яхдон меравад, то ки боз ягон чизаки бомазза ёфта хӯрад.

Чӣ бояд кард?
Пурхӯрӣ аз асабоният ва пурхӯрии шабона метавонад боиси фарбеҳӣ гашта, ҳамзамон касро ба бемориҳои зиёде гирифтор созад, бинобар ин, ба шахсоне, ки чунин одат доранд, ҳатман аз назорати духтур, махсусан табиби асабшинос гузаштанро тавсия медиҳем.
Бемориҳое, ки аз пурхӯрӣ пайдо шуда метавонанд
Пурхӯрӣ натанҳо кори узвҳои ҳозимаро вайрон карда, касро ба дарди меъда, талхадон ва иллатҳои рӯда гирифтор месозад, балки метавонад боиси сар задани бемориҳои зерин низ гардад:

Фарбеҳӣ.
2. Бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он.
3. Диабети қанди навъи 2.
4. Фишорбаландӣ ва хатари гирифтор шудан ба инсулт ё инфаркт.
5. Баланд шудани сатҳи холестерин дар хун.
6. Артрит ва остеоартрит.
7. Бемориҳои гурда.


Лаҷоми нафси худро ба даст бигиред, то ки солим, ҷавон ва зебо бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД