arzon replenishment
6 тарзи омода кардани коктейли хонагӣ
1305

 

Коктейл бо шир

Коктейл бо шир нӯшокии бениҳоят лазизест, ки ҳам ба калонсолон ва ҳам кӯдакон писанд аст. Шир бо яхмос ва меваҳои гуногун ҳамоҳанг аст ва барои пухтупаз ба ҷуз блендер чизе лозим нест.

 

Маҳсулоти лозима:

  • 400 мл шир;
  • 350 грам яхмос;
  • 1,5 стакон қулфинай;

Тарзи таҳия:

Дар аввал миқдори зарурии ширро ба косаи блендер мерезем. Баъдан ба дарунаш 350 грам яхмосро илова мекунем. Пас аз он ба дарунаш қулфинай меандозем. Ҳамашонро якҷоя мекунем ва то хуб омехта шуданашон бо блендер лат мезанем. Баъдан, коктейлҳоро дар стаконҳои шиштагини дароз мерезем ва муввофиқи табъи худ оро медиҳем.

Коктейли ширӣ бо банан

Коктейли ширӣ бо банан як навъ нӯшокии фоидабахш ва болаззат аст, ки шуморо нерӯманд нигоҳ медорад. Мо ба он шакар илова намекунем, зеро шир бо ширинии табиии бананҳо комилан тамъи олӣ медиҳад. Ҳатман кӯшиш кунед, ки чунин нӯшокиро тайёр кунед.

Маҳсулоти лозима:

  • 2 дона банан;
  • 1 стакон шир;
  • 8 қошуқ яхмос;

Тарзи таҳия:

Дар аввал бананҳоро реза карда, дар зарфи блендер мегирем. Баъдан, аз болояш шир ва яхмосро илова карда, то омода шуданаш хуб лат мезанем. Тайёр, ки шуд, ба зарф мерезед ва нӯши ҷон мекунед!

Коктейли ширӣ бо шоколад

Коктейли ширӣ бо шоколад бӯй ва лаззати аҷиб дорад. Дар он маҳсулоти серғизо ва фоидабахш ҷамъ оварда шудааст. Коктейл дар тӯли 8 дақиқа омода мешавад ва натиҷааш шоҳасари воқеӣ аст!

Маҳсулоти лозима:

  • 400 мл шир;
  • 80 грам шоколад;
  • 100 грам яхмос;
  • 1 қошуқча асал;

Тарзи таҳия:

Дар аввал ширро дар зарф гирифта, дар оташи миёна гузоред, то ки гарм шавад. Ба шири гармшуда шоколадро илова карда, омехта мекунем, ки хуб ҳал шавад. Пас аз он маҳсулоти омода кардаамонро бо ширу шоколад ба зарфи блендер мерезем ва ба дарунаш яхмос илова мекунем ва то хуб омода шуданаш лат мезанем. Сипас, онҳоро ба стакон мегирем.

Коктейли ширии бе яхмос

Коктейли бе яхмосро шумо ҳатто метавонед ҳангоми сардӣ истеъмол кунед. Ин навъи коктейл дар зимистон ба саломатӣ ҳеҷ зараре намерасонад. Тайёр кардани ин навъи коктейл хеле осон аст.

Маҳсулоти лозима:

  • 250 мл шир;
  • 1 дона банан;
  • 1 стакон шакар;

Тарзи таҳия:

Дар аввал бананҳоро реза карда, ба зарфи блендер мегирем ва ба дарунаш шакару ширро илова карда, бо блендер лат мезенем. Ҳамаи маҳсулотҳоро 2 – 3 дақиқа хуб омехта мекунем. Баъдан, коктейлро ба зарфҳо гирифта менӯшем.

Коктейл бо шир ва қулфинай

Маҳсулоти лозима:

  • 300 мл шир;
  • 100 грам яхмос;
  • 100 грамм қулфинай;

Тарзи таҳия:

Дар аввал қулфинайҳоро хуб дар об мешӯему баргҳояшро тоза карда, ба зарфи блендер мегирем. Онҳоро лат мезанем ва ба дарунаш яхмосу ширро илова мекунем. Коктейлҳоро дар зарф мегирем.

Коктейли ширӣ бо шарбат

Маҳсулоти лозима:

  • 600 мл шир;
  • 500 грамм яхмос;
  • 2 дона банан;
  • 3 – 4 қошуқ шарбат

Тарзи таҳия:

Бананҳоро реза карда, ба зарфи блендер мегирем ва ба болояш шарбат илова мекунем. Маҳсулотро бо блендер омехта мекунем ва ба он яхмос илова мекунему бо блендер лат мезанем ва ба зарф мегирем.

Нӯши ҷонатон!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД