Formula novemver 2024
6 манфиати пудиначой
657

Таъсири судманд ба меъдаву рӯда

Пудина дамиши шикам ва ихтилоли ҳозимаро пешгирӣ намуда, дард ва спазмҳоро таскин медиҳад. Пас аз 4 ҳафтаи истеъмоли пудиначой нишонаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима тақрибан 40 фоиз коҳиш меёбад. Илова бар ин, капсулаҳои пудинагӣ дар онҳое, ки аз химиотерапия мегузаранд, дилбеҳузуриро пешгирӣ мекунад.

Кам кардани дарди сар ва мигрен

Азбаски пудина мушакҳоро суст ва шиддатро рафъ мекунад, он метавонад дар мубориза ба баъзе намудҳои дарди сар кумак расонад. Равғани пудинаро ба ду чаккаи сар молидан беҳтар аст, зеро он метавонад фишори хунро баланд кунад. Барои ҳар касе, ки аз фишори хун азият мекашад, чойи пудинагӣ роҳи ҳалли хубест.

Неру мебахшад

Чой ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад, сатҳи энергияро афзоиш медиҳад ва хоби рӯзонаро пешгирӣ мекунад.

Барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мекунад

Чойи пудинагӣ тамъи ширини тароватбахш дорад, аз калорияҳо ва кофеин иборат нест. Илова бар ин, чойи пудинагӣ метавонад иштиҳоро каме коҳиш диҳад, ки ин дар мубориза бар зидди вазни зиёдатӣ муҳим аст.

Беҳтар кардани диққатнокӣ

Барои онҳое, ки диққатнокияшон заиф аст, чойи пудинагӣ кумаки бебаҳо хоҳад шуд. Пудина инчунин ба хотира ва суръати вокуниш таъсири мусбат мерасонад.

Мубориза бо бактерияҳо

Пудина метавонад ҳамчун кумак дар мубориза бо бактерияҳои муайян, аз ҷумла стафилококк, салмонелла ва листерия истифода шавад. Пудина афзоиши микроорганизмҳоро пешгирӣ мекунад ва инчунин қобилияти қисман дезинфексия кардани даҳонро дорад ва ба нафаскашӣ таъсири хуб мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД