Фикр мекунед, ки сайругашт варзиш нест, балки як намуди фароғат асту барои саломатӣ нафъи он аз машқҳои ҷисмонӣ камтар аст? Ин ақидаи шумо ғалат аст. Пиёдагардӣ таппиши дилро тез намуда, мушакҳоро ба кор медарораду чарбҳоро об мекунад.
Имрӯз мо дар бораи шаш фоидаи дар як рӯз чанд дақиқа пиёда гаштан ба шумо маълумот медиҳем
- 3 дақиқа роҳ рафтан фишори хунро паст мекунад;
- 5 дақиқа сайругашт дар ҳавои тоза кайфиятро беҳтар мекунад;
- 10 дақиқа сайругашт тафаккури эҷодиро зиёд мекунад;
- Пас аз хӯрок 15 дақиқа роҳ рафтан сатҳи қанди хунро коҳиш медиҳад;
- Пас аз хӯроки шом 30 дақиқа роҳ рафтан ба шумо имкон медиҳад, ки вазни худро гум кунед;
- 40 дақиқа гаштугузор метавонад бемории қалбро дар пиронсолон пешгирӣ кунад.