Arzon march 2024
6 амале, ки ба зан хатар доранд
28.11.2024
ОИЛА.ТҶ
528

Дар ҷаҳони муосир навгониву иттилооти зиёде ба даст овардан мумкин аст, ки баъзеи он ба ҷои фоида зарар меорад. Хусусан дар ҷодаи зебоӣ, ширкату корхонаҳо ҳамарӯза малҳаму воситаҳои муъҷизаофареро тарғиб мекунанд, ки аксарият шояд аз бетаҷрибагӣ ё аз рӯи ҳавову ҳавас дарҳол аз он истифода бурданро сар мекунанд. Ҳол он ки аксарияти тавсияву рекламаҳо зарарнок ва дар баъзе ҳолатҳо хатарнок ҳам ҳастанд. Биёед бубинем, ки кадом кору амал метавонад душмани ҳусн бошад?

1. Оби митселлярӣ - маҳлул барои поксозии ҳаррӯзаи пӯсти рӯй

Аслан оби митселлярӣ маҳлули беҳтаринест барои пок сохтани пӯсти рӯй. Он макияжи душвортаринро аз пӯсти рӯй тоза мекунад. Вале аз он сӯистифода кардан лозим нест, зеро зуд-зуд истифода бурдани оби митселлярӣ метавонад боиси сурх гаштани пӯсти рӯй ва ҳатто пайдошавии аллергия гардад. Аз ин рӯ, оби митселляриро танҳо дар сурате истифода баред, ки дигар маҳлулҳои рӯйтозакунӣ надошта бошед.

2. Аз аллергия эҳтиёт шавед

Ҳар малҳаму маҳлуле, ки барои пӯсти рӯй истифода мебаред, ҳатман сабабгори пайдо шудани аллергия дар пӯст шуда метавонад. Ҳатто агар дар бастакоғази малҳам бо ҳарфи калон навишта шуда бошад, ки он наметавонад аллергияро ба вуҷуд орад, ба ин навишта бовар накунед. Қабл аз истифодаи дилхоҳ малҳам ё маҳлул аз он каме гирифта, ба пушти гӯш молида, таъсирнокияшро муайян намоед. Маҳлули сад фисад табиӣ низ метавонад сабабгори пайдоиши аллергия гардад.

3. Гел-лак нохунро бемор месозад

Имрӯз бонувони муосир гел-лакҳоро фаровон истифода мебаранд. Гел-лак муддати як ҳафта ва ҳатто як моҳ дар нохун устувор меистад ва аксаран бонувон пайи ҳам аз чунин намуди хизматрасонӣ истифода бурданро одат кардаанд. Андешаи он ки гел-лак нохуни шуморо солиму мустаҳкам месозад, комилан ғалат аст. Зуд-зуд истифода бурдани гел-лак, вақте зан онро бе танаффус истифода мекунад, ба ҳолати нохун зарар мерасонад. Масалан, нохунҳо зард шуда, мекафанд, чандқабата шуда, дар сурате, ки бемории замбурӯғӣ дошта бошанд, оқибати нохуш ба бор меоранд. Нохуни беморро қабл аз истифодаи гел-лак табобат кардан лозим аст, то ки вазъият душвор нагардад. Ҳангоми кандани гел-лак, агар мутахассис кори худро хуб надонад, нохун сахт ҷароҳат мебардорад. Ва ҳатман ҳангоми маникюр дилпур шудан лозим аст, ки асбобу анҷоми устои маникюр безараршуда бошанд.

4. Баъди 25-солагӣ малҳами зиддисиннусолӣ намолед

Агар шумо алакай 25-сола шуда бошед, ин маънои онро надорад, ки дарҳол малҳами зидди пиршавиро ба рӯятон бояд молед. Малҳами зиддисиннусолиро вобаста ба ҳолати пӯст молидан лозим аст. Агар ҳолати пӯстатон хуб бошад, поксозиву нарм кунонидани он бо истифода аз малҳами нармкунанда кифоя аст. Истифодаи малҳами зиддисиннусолӣ дар ҳолате, ки пӯст ба он ниёз надорад, метавонад зараровар бошад.

5. Пораҳои ях ба кӣ зарар доранд?

Дар ҳақиқат пораҳои ях пӯстро ботароват ва нафис мегардонанд, вале онро ба ҳама тавсия додан мумкин нест. Гап сари он аст, ки пораҳои ях ба бонувоне, ки пӯсти рӯяшон ҳасос асту рагчаҳои заифи хунгард дорад, зарар расонида метавонанд. Ҳамзамон пораҳои яхи аз гиёҳҳои гуногун омодашуда сабабгори пайдоиши алергия шуда метавонад.

6. Бо собуни ҷомашӯӣ таҳорат накунед

Собуни ҷомашӯӣ аз ҷузъиёти дағалтарин иборат аст. Онро барои либосшӯӣ бемалол истифода бурдан мумкин аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ барои шустани узвҳои ҷинсӣ ба кор набаред. Собуни ҷомашӯӣ пардаҳои луобии узвҳои ҷинсиро хушк намуда, сабабгори сурхшавӣ ва пайдоиши тарқишҳои хурд шуда метавонад. Дар натиҷа микробҳо паҳн мешаванд, ки ба саломатӣ хатар дорад. Аз ин рӯ, бо собуни ҷомашӯӣ ҳеҷ гоҳ узвҳои ҷинсиро нашӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД