Идора кардани буҷаи оила, махсусан барои занон як қадами муҳим дар роҳи сарватманд шудан аст. Ба шумо 6 қадами оддии амалиро пешниҳод мекунем, ки риояи онҳо кумак мекунад, то вазъи молиявиро беҳтар намуда, ба зиндагии шоиста расед.
Қадами 1: Арзёбии вазъи молиявӣ
Аввал, тамоми даромадҳои оиларо рӯйихат кунед: маоши доимӣ, кӯмакпулӣ ва дигар даромадҳои иловагӣ. Сипас, хароҷоти моҳонаро муайян намоед: хӯрок, хизматрасониҳо, нақлиёт, таҳсил, тандурустӣ, қарз ва ғайра. Баъд аз ин, фарқ байни даромад ва хароҷотро ҳисоб кунед, то фаҳмед, ки чӣ қадар маблағ мемонад ё намерасад.
Қадами 2: Сохтани буҷаи оилавӣ
Хароҷотро ба се гурӯҳ ҷудо кунед:
-зарурӣ – хӯрокворӣ, манзил, обу барқ, доруворӣ;
-муҳим – таҳсили фарзандон, либос, нақлиёт;
-ихтиёрӣ – таътил, зиёфат, хариди ашёи гарон.
Барои ҳар гурӯҳ маблағи муайян (лимит) таъин кунед. Кӯшиш намоед, ки аз он зиёд харҷ накунед.
Қадами 3: Пасандоз ва сармоягузорӣ
Камаш 10% аз ҳар як даромадро пасандоз кунед. Дар бонк ё ҷойи бехавф ҳисоби махсус кушоед, то дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода шавад. Агар имконият дошта бошед, сармояи худро дар ҷойҳои боэътимод монед – мисли соҳибкории хурд ё пасандоз дар бонк.
Қадами 4: Ба даст овардани даромади шахсӣ
Агар даромади шахсӣ надоред, роҳҳои ба даст овардани онро ҷустуҷӯ кунед. Касб омӯзед: дӯзандагӣ, пухтупаз, ҳунармандӣ ва ғайра. Шумо ҳатто метавонед аз хона кор кунед, масалан, чизе тайёр карда, онро онлайн фурӯшед.
Қадами 5: Омӯзиш ва рушди шахсӣ
Кӯшиш кунед, ки саводи молиявии худро беҳтар кунед. Дар курсҳо иштирок намоед, китоб ва мақолаҳо хонед, видео тамошо кунед. Ба фарзандонатон низ омӯзед, ки чӣ гуна бо пул муносибат кунанд.
Қадами 6: Тасмими муштарак дар оила
Дар масъалаҳои молиявӣ бо ҳамсар ва фарзандони калонсол маслиҳат кунед. Ҳамфикрӣ дар оила муфид аст. Зеро мегӯянд, ки “ҷомаи бе маслиҳат кӯтоҳ намеод”. Якҷо буҷа тартиб диҳед, нақшаи пасандозро муайян кунед ва масъулият ё вазифаҳоро байни худ тақсим кунед. Дар охири ҳар моҳ натиҷаҳоро якҷо таҳлил намоед.