Sebiston new 2024 october
5тавсияи муҳим барои зебо мондан дар фасли тирамоҳ
182

Ҳавои сарду абрноки тирамоҳӣ натанҳо ба вазъи саломатӣ, балки ба пӯсти рӯй ва дастон низ таъсири манфии худро мерасонад.

Аз скраб истифода баред

Дар мавсими тирамоҳ барои он ки пӯст тароват ва зебоии худро гум накунад, бояд барои тоза шуданаш аз скрабҳои безарар истифода намуд. Ҳафтае як маротиба аз скраб истифода бурда, ҳамзамон ҳамарӯза аз малҳамҳои нармкунанда истифода баред.

Мӯйи саратонро аз рехтан эмин доред

Дар тирамоҳ мӯйи сар ба рехтан сар мекунанд, зеро ҳар тирамоҳ мӯйи инсон рехта, аз нав мебарояд. Барои афзоиш ва мустаҳкам сохтани мӯй витаминҳои В5 ва Н истеъмол кардан лозим аст. Витаминҳои зеринро аз таркиби нахӯди сабз ва ғалладонагиҳо аз қабили биринҷ, ҷуворимакка, марҷумак (гречка) пайдо карда метавонед.

Ҳафтае ду маротиба ба мӯйҳоятон ниқобҳои ғазобахш молед. Ҳамарӯза нӯшидани 8 истакон обро низ фаромӯш накунед.

Бо ҳаргуна шампун сар нашӯед, зеро мӯйи сар шикаставу беҷон мешавад.

Барои зебоӣ

Барои ҷавон ва зебо мондан аз витаминҳо бештар истифода баред. Селен, витамини А ва С пӯстро хеле хуб ҷавону зебо нигоҳ медоранд. Витамини А бештар дар таркиби меваву сабзавоти норанҷӣ вуҷуд дорад. Витамини С-ро дар таркиби чой, какао, гулкарам, ҷаъфарӣ, қаланфур, киви ва меваҳои ситрусӣ дастрас карда метавонед. Селен дар таркиби гӯшт, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ фаровон аст.

Бештар бо варзиш машғул шавед

Ҳамарӯза ба варзишӣ машғул шавед, ҳафтае се маротиба дар хона машқ кунед, ҳам саломатиро хуб нигоҳ медореду ҳам изтироби тирамоҳиро аз худ дур месозед.

Бештар дилхӯшӣ кунед

Табъи хушу болида ва умуман дилхушӣ занро аз ҳама гуна ороишот бештар зебову ҷаззоб месозад. Аз ин рӯ, ҳар лаҳзаи умри худро хушу хурсанд гузаронед. Кӯшиш кунед, ки бештари вақтатонро бо оила ва наздикону пайвандатон гузаронед. Сайругашт бо дӯстону наздикон ба шумо руҳу илҳоми тоза мебахшад. Хандаву шухӣ бошад, асабро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД