5 усуле, ки қаллобон барои дуздидани маблағ аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ истифода мебаранд
75

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши қаллобӣ дар ҷомеа изҳори нигаронӣ намуда, гуфт: “Имрӯзҳо як гурӯҳ қаллобон аз хориҷи кишвар бо роҳу усулҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикстонро фиреб дода, маблағҳои пулии онҳоро аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониашон медузданд. Ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо мо дар бораи усулҳои маъмултарини фиреби одамон, ки қаллобон барои аз худ намудани маблағҳои дигарон истифода мебаранд, маълумот медиҳем.

Қаллобон аз номи бонкҳо ё ширкатҳои мобилӣ ба шаҳрвандон тариқи барномаҳои мессенҷерӣ (WhatsApp, Telegram ва ғайра) паёмак (SMS) ё паёмҳои онлайнӣ мефиристанд ва бо баҳонаи осон гардонидани хизматрасонии бонкӣ, басташавии муваққатии суратҳисоб ё фаъолсозии шабакаи 5G, ки сифати интернетро беҳтар месозад, дархост менамоянд, ки рамзҳои корти бонкӣ шахсияти шумо зарур мебошад.

Қаллобон порталҳои давлатӣ ё сомонаҳои сохта таҳия карда, худро масъули пешниҳоди ҷубронпулӣ, иловапулии нафақа, кумакпулии иҷтимоӣ ё кумакпулии кӯдакон муаррифӣ менамоянд ва гӯё барои пардохти маблағ аз шаҳрвандон дархост мекунанд, ки маълумоти шахсӣ, рақами корт ё рамзҳои махфиро диҳанд.

Қаллобон тавассути барномаҳои мессенҷерӣ ба шаҳрвандон пайвандҳое (ссылка) мефиристанд, ки дорои вирус мебошанд. Паёмакҳо одатан бо матни ҷолиб ё тарсдиҳанда меояд (масалан: «аксҳои шумо паҳн шудаанд» ё «инро фавран бинед» ё «Шумо соҳиби маблағ шудед...»). Пас аз пахш намудани тугма ё пайванд оид ба тасдиқ кардани он вирус ба телефони мобилӣ ворид гардида, маълумотҳои шахсӣ (аксҳо, видеоҳо ва ё дигар маълумотҳо) ба дасти қаллобон меафтад. Минбаъд, қаллобон бо шахси фиребхӯрда тамос гирифта, ӯро бо таҳдиди паҳн намудани маълумоти шахсияш маҷбур месозанд, ки маблағ пардохт намояд.

Қаллобон аз номи шахси шинос ё наздик ба дӯстону хешовандонаш паём мефиристанд. Дар паём зикр мегардад, ки гӯё шахс ба мушкилӣ дучор шудааст (садама, беморӣ, ҳабс ва ғайра) ва фавран ба кумаки молиявӣ ниёз дорад. Онҳо одатан талаб мекунанд, ки маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби мушаххас ё ба рақами телефон (ҳамёнҳои электронӣ) интиқол дода шавад.

Қаллобон овози шахси муайян (падар, фарзанд ё роҳбар)-ро бо истифода аз зеҳни сунъӣ омода намуда, бо ҳамин овоз ба наздикон тамос гирифта, бо баҳонаҳои гуногун талаб менамоянд, ки ба шахси сеюм маблағи пулӣ интиқол диҳад.

Дар ҳолатҳои дар боло зикршуда шаҳрвандонро лозим аст, ки ягон маълумот пешниҳод накарда, суҳбатро фавран хотима бахшанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД