sebiston july new
5-РОҲИ ОСОНИ САРВАТМАНД ШУДАН
13.05.2021
НОДИРА
1573


Бизнестренерҳои амрикоӣ ва машваратчиёни тиҷоратӣ таъкид кардаанд: сарватмандон аз камбағалон бо тарзи фикрронияшон фарқ мекунанд.

Дуруст сарф намудани пулро ба ҳар хоҳишманд омўхтан мумкин аст, вале ақидаҳои инсон ба кўйи ноумеди нигаронида шуда бошад, миллион сум кор кунад ҳам, баъди чанде боз муфлис мешавад. Кадом ақидаҳо садди роҳи сарватманд шудан мегарданд?

Ба умеди мурғи бахт нашавед
Камбағалон мунтазир мешаванд, ки рўзе бахт ба рўяшон механдаду соҳиби боигарӣ мешаванд, сарватмандон бошанд, танҳо ба қувваи ақлу бозуи худ умед мебанданд. Стив Сиболд, муаллифи китоби «Фикру андешаи сарватмандон» даҳҳо нафар миллионерони ҷаҳонро мавриди пурсиш қарор дода, фарқи андешаронии онҳоро аз одамони оддӣ муайян намудааст. Яке аз фарқиятхои асосӣ дар он аст, ки пулдорон ба умеди касе намешаванд, ҳол он ки мардуми дигар умед ба ҳукумат, сардор, шавҳар, тағои пулдор мебанданд. Равоншиносон бар он ақидаанд, ки нафарони дар интизории мурғи бахт нишаста ба худ эътимод надоранд. Касе, ки ба худаш эътимод надорад, ҳеҷ гоҳ бой намешавад! Танҳо сарҳади тарсро убур намуда, инсон ба худ эътимод пайдо мекунад.

Бечоранолӣ
Як умр аз чизе норозиед ва гумон мекунед, ки ҳама бар зидди шумоянд? Машваратчиёни тиҷоратии амрикоӣ мегўянд, ки ба чунин одамон танҳо кори маошаш ночиз насиб мегардад. Аз гирёнчакҳо комёбиро интизор намешаванд, бинобар ин, миллионер шудан хоҳед, бечоранолӣ накунед. Пайваста бечоранолӣ карда, атрофиёнро гурезон намудан мумкин аст. Мушкилотатонро мустақилона ҳал кунед! Ба ақидаи равоншиносон дар ҳар як нокомӣ одами сустирода танҳо монеаҳоро мебинаду шахси боҷасорат аз хатоҳои худ панд мегирад ва имкониятҳои навро мебинад. Нафаре, ки аз чаҳорчўбаи одатҳо берун қадам гузоштанро марг мешуморад, ҳеҷ гоҳ пулдор намешавад! Тавакал кунӣ, бурд мекунӣ!

Пул, пул, пул
Пул бошад, ҳамааш мешавад! Нафароне, ки чунин андеша доранд, ҳеҷ гоҳ аз вартаи камбағалӣ раҳоӣ намеёбанд. Тавре пурсишҳо нишон доданд, маҳз камбағалон пули зиёдро маънии зиндагӣ мешуморанд. Ба ақидаи чунин одамон муҳаббатро ҳам бо пул харидан мумкин аст. Сарватмандон бошанд, баръакс аз даромад не, аз амалӣ сохтани орзуву ақидаҳои худ роҳат мекунанд. Аксарияти нафарони пулдор чандин маротиба муфлис шуда бошанд ҳам, ба ин файласуфона назар кардаанд. Ба пул не, ба амал диққат доданашон сарвати онҳоро аз нав афзудааст.

Ба ақидаи равоншинос вақте инсон гурусна аст, дар мадди аввал дар бораи хўрок фикр мекунад ва дигар чизе барояш моҳият надорад. Барои он ки одам тарзи дуруст истифода бурдани пулро омўзад, вақт лозим аст.

Китоб хондан лозим
Сармоядорон пайваста аз пайи омўзиши касбу кор ва забон ҳастанд. Нафарони оддӣ бошанд аз пайи дилхушӣ мешаванд. Вақти қиммати худро ба тамошои лаҳзаҳои гуворову дилхушиҳои дигари бемаънӣ сарф кардан кисаи касеро пур намекунад!

Кори маҷбурӣ
Аксарият барои он кор мекунанд, ки аз гуруснагӣ намиранд. Ба ақидаи машваратчиён-тоҷирони амрикоӣ чунин инсонҳо аллакай бетолеъ ҳастанду ҳеҷ гоҳ соҳиби дороӣ намешаванд.

Ақидаи равоншинос: «Қарзҳоямро баргардонида, бо кори хости дилам машғул шуда, одам барин зиндагӣ мекунам»-гуфтани инсон аз худро дўст надоштанаш дарак медиҳад. Ҳаёт гузарон аст…

Агар пулу бурдборӣ аз шумо гурезон бошад, андеша намоед: чаро шумо худро дўст намедоред?


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД