5 роҳи осони халосӣ аз фарбеҳӣ
11.06.2025
Oila.tj
280

Имрӯзҳо одамони зиёде бо мушкили фарбеҳӣ рӯ ба рӯ гашта, барои аз вазни зиёдатӣ халос шудан худро ба сад дар мезананд, вале на бо парҳез равғани баданашон об мешавад ва на бо табдирҳои дигар. Мехоҳед роҳи дуруст ва самараноки халос шудан аз вазни зиёдатро бидонед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед! 

Халос шудан аз фарбеҳӣ раванди пайваста аст, ки тарзи ҳаёт, ғизо ва ҳаракатро дар бар мегирад. Роҳҳои самарабахши халос шудан аз фарбеҳӣ инҳоянд:

1. Тағйири реҷаи хӯрокхӯрӣ

Аз вазни зиёдатӣ халос шудан хоҳед, кӯшиш кунед, ки хӯрокҳои каллорияашон камтарро истеъмол намоед. Парҳези солим ва ғизои камравғану камшакар барои харобшавӣ айни муддаост.  Истеъмоли нон, картошка, биринҷ ва шириниҳоро маҳдуд намуда, бештар сабзавот, меваҷот, гӯшти парранда, моҳӣ, тухм, лӯбиё хӯред ва бештар об нӯшед, ҳадди ақал 1.5–2 литр дар як рӯз.

2. Фаъолияти ҷисмонӣ

Ҳар рӯз 30–60 дақиқа машқи ҷисмонӣ барои халос шудан аз равғанҳои бадан ёрӣ мерасонад, махсусан гардиш, давидан, велосипедронӣ ва шиноварӣ муфид аст. Агар шумо аз ӯҳдаи машқҳои вазнини ҷисмонӣ  баромада натавонед, боке нест, ҳатто роҳ рафтан бо суръати миёна ё тоза кардани хона низ фоида дорад.

3. Назорати равонӣ ва хӯрокхӯрӣ

Хӯрок нахӯред вақте ки дилгир ё асабӣ ҳастед. Кӯшиш кунед фаҳмед, ки кай гурусна ҳастед ва кай одат ё эҳсос шуморо ба хӯрдан маҷбур месозад. Бо мутахассиси равоншинос ё диетолог машварат кунед, агар ҳис мекунед, ки назорати хӯрок душвор аст.

4. Хоби кофӣ ва ором

Камхобӣ метавонад иштиҳо ва вазнро зиёд кунад. Кӯшиш кунед, ки ҳар шаб на камтар аз 7–8 соат хоб кунед.

5. Муоинаи тиббӣ

Гоҳе сабаби фарбеҳӣ метавонад гормонҳо ё бемориҳои “зери ҷилд” бошад.  Бо духтур машварат кунед, агар вазн хеле зиёд аст ва бо парҳезу машқ коҳиш намеёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД