Ҳангоми тавлид шудани хурдакаки хонадон мушикилиҳои нигоҳубини он зиёд ба миён меоянд. Дар вақтҳои пеш бибиҳо омада, 40 рӯз болои сари модари кӯдак як ҷойгаҳи дигар мепартофтанду баробари модар кӯдакро нигоҳубинӣ мекарданд.
Оббозӣ даровардани кӯдак, махсусан, дар рӯзҳои аввали ҳайёти ӯ ниҳоят муҳим аст. Об пӯсти кӯдакро тоза мекунад, ба атроф одат кардани кӯдакро осонтар месозад, гардиши хун дар рагҳои навзодро ба тартиб меоварад ва дигар фоидаҳо дорад. Аммо, ин равандро дуруст ва бо тартиби хос гузаронидан лозим аст.
Баъди аз тавалудхона ба хонаи худ омадани навзод онро оббозӣ даровардан лозим. Аммо, нофи кӯдак сиҳат нашуда, ӯро чӣ хел обозӣ дарорем?
Табибон бо дили пур ба ин савол ҷавоб доданд. Ба гуфтаи онҳо, кӯдакро оббозӣ даровардан, лекин гирди нофро бо маводди антисептикӣ тоза намуда, матои пахтагинро ба болояш гузоштан лозим аст, то обҳои боқимондаи қарқи нофро ҷабида гирад, ки газак нагирад.
Барои оббозии кӯдак аз тағораи махсуси кӯдакона истифода намуда, дар дохилаш миқдори ками об гирифта, оҳиста - оҳиста навзодро ба об ошно намудан лозим аст. Он аввалин маротиба аст, ки чунин моеъро ҳис мекунад, шояд тарсида гиря кунад. Гармии об наздики 21-24 °С буданаш лозим аст. Агар асбоби ченкунии ҳарорати об дар даст набошад, метавон оринҷро ба об ворид намоед ва он агар аз ҳад зиёд сард ва ё гарм ба назар натобад, пас ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳангоми дар даруни об ворид намудани навзод об бояд то қафаси синаи кӯдак наздик шавад. Навзодро аз гардан боло тамоман ба об даровардан мумкин нест. Аввал бадани кӯдакро шуста, пасон бо даст ба сари ӯ об рехта, шустан лозим аст.
Мувофиқи маслиҳати табибон кӯдакро метавон ҳар рӯз ба оббозӣ даровард. Об барои инкишофи кӯдак таъсири бузуги мусбат мерасонад. Аммо, саломатӣ ва ваъзияти руҳии навзодро нигоҳ карда, оббозӣ кунонидан лозим аст. Ҳарчанд навзод ниҳоят хурд аст ва ақидаи худро иброз карда ҳам натавонад, аммо модар тарзе бояд ӯро оббозӣ дарорад, ки дафъаи дигар бо дидани ҳавзи об гиристанро шуруъ накунад.
Баъди оббозӣ бо матои нарм танашро хушконида, ҳатман ба ӯ либоси пахтагин пӯшонидан лозим аст. Шикамашро сер карда хобонед ва ин роҳаттарин хоби навзод хоҳад буд.