Formula novemver 2024
5 ниқоби тирамоҳӣ барои пӯсти даст
1421

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ пӯсти даст хушку пӯстпарто мешавад. Баъзе бонувон шикоят мекунанд, ки малҳамҳои мағозагӣ ба пӯсти дасташон фоида намерасонад. Дар чунин ҳолатҳо дар хона ниқоб омода карда, истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Инак, 5 ретсепти самарабахше, ки шуморо аз хушкшавии пӯсти даст халос мекунад.

Ниқоби нармкунандаи пӯст

Панҷ қошуқ поғаи ҷав (овсяные хлопья)-ро бо ду қошуқ чойи сиёҳ омезиш дода, маҳлули ҳосилшударо ба пӯсти даст молида, дастпӯшакҳои коғазин пушед. Агар имконият бошад, ниқобро шабона дар даст нигоҳ доред, субҳ пӯсти дастонатон мисли пӯсти навзод нарму нафис мегардад.

Ниқоби тароватбахш

Як дона себро аз тарошаки сӯрохиҳояш хурд гузаронида, ба он се қошуқ равғани зайтун ва саршир (ё сметана) илова кунед. Маҳлули ҳосилшударо ба пӯсти даст молида, баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед. Ниқоби мазкурро ба пӯсти рӯй низ молидан мумкин аст.

Ниқоби ғизобахш

Як қошуқча асалро бо зардии тухм омезиш дода, маҳлули ҳосилшударо ба пӯсти даст молед ва дастпушакҳои коғазин ё полиэтиленӣ пӯшида, 20 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан рӯятонро бо оби ширгарм шӯед. Ниқоби мазкур пӯсти дастро хуб ғизо мебахшад.

Ниқоби таскинбахш

Чор дона картошкаро пӯст карда, дар об пазед ва майда карда, бо чор қошуқ шир омезиш диҳед. Дастони худро дар пюреи ҳосилшуда тар карда, то хунук шудани картошка нигоҳ доред. Ниқоби мазкур захмҳои хурди пӯст ва шамолхӯрдаро шифо мебахшад.

Ниқоб-скраби поккунанда

Ду қошуқ равғани маскаро бо чор қошуқ шакар омезиш дода, бо ҳаракатҳои давравӣ маҳлули мазкурро дар пӯсти дастон маҳс кунед. Ниқобро дар ҳар даст се дақиқа молида, баъдан бо оби ширгарм шӯед. Боз як скраби дигарро метавонед бо истифода аз як қошуқ шарбати лимӯ ва як қошуқ намаки ошӣ омезиш дода, омода намоед. Агар дар пӯсти дастонатон захм ё яра бошад, беҳтараш аз шарбати лимӯ истифода набаред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД