sebiston july new
5 маҳсулот барои зебоӣ ва солимии пӯст
762

1. Бодиринг-доғҳои пигментиро меравонад

Шарбати бодиринг пӯстро ботароват, сафеду нафис гардонида, боиси нест шудани доғҳои кунҷитак мегардад. Бодиринг дар таркибаш моддаҳои муфиди бисёре дорад, аз қабили калий, калсий, оҳан, фосфар, йод, ҳамчунин дорои витаминҳои муҳими каротин, В2, В1, РР, ҷавҳари пантотен, В6 ва С мебошад. Зиёда аз 80%- и он аз моеъ иборат аст, ки барои тайёр кардани навъҳои гуногуни смузи ва коктейлҳои шифобахш барои кам кардани вазни зиёдатӣ истифода бурда мешавад.

Бодиринг барои духтароне, ки рӯяшон пур аз доғи кунҷитак гаштааст, беҳтарин даво маҳсуб меёбад. Азбаски маҳз пӯсти хушку беобшуда доғ мезанад, шираи бодиринг хусусияти нармкунониву тароватбахширо дорад. Бонувон метавонанд аз бодиринг ниқоб омода кунанд, зеро селлюлозаи бодиринг метавонад офтобсӯхтагиро гирад. Як бодирингро ба таври ҳалқашакл реза карда, ба пӯсти рӯй гузоред, то ки пӯсти рӯй сафед гардад. Бодиринг пӯсти рӯйро нарму ҳамвор месозад.

2. Тухм ба пӯсти рӯй чӣ фоида дорад?

Тухм барои кам кардани вазн ва ҳам барои зиёд кардани вазн муфид аст, яъне он маҳсулоти универсалии дорои сафеда мебошад. Тухмро ба ниқобҳо барои рӯй, бадан ва нохунҳо илова намудан муфид аст. Дар такриби тухм миқдори зиёди витаминҳо ва минералҳои В мавҷуд мебошад. ки ба пӯст таъсири судманд мерасонанд, пӯсти рӯйро ботароват мекунанд ва нармӣ мебахшанд.

Малҳам аз зардии тухм - зардии тухмро бо миксер лат занед. Ба рӯятон аввал равғани растанӣ молида, баъдан зардии тухмро молед. Бо мурури хушк шудани малҳам ин амалро се бор такрор кунед. Малҳам дар рӯятон 10 – 15 дақиқа меистад, сипас рӯятонро аввал бо оби хунук, пасон бо оби гарм шӯед.

3. Ҷуворимакка барои ожангҳои пӯсти рӯй

Барои аз ожангҳо халос шудан метавонед аз як ниқоби таъсирбахши хонагӣ истифода баред. Барои тайёр кардани ин ниқоб ба шумо танҳо каме орди ҷуворимакка ё залич (овсянка) ва сафедии тухм лозим мешаваду халос. Як қошуқ яке аз ин ордҳоро бо сафедии тухм то кафк пайдо карданаш хуб лат занед. Ниқобро ба рӯятон молида 15 – 20 дақиқа нигоҳ доред, баъд бо сачоқчаи намнок пок карда, бо навбат бо оби гарм ва хунук шӯед.

4. Шир ва картошка ҷавониро барқарор мекунад

Ниқоби ширию картошкагӣ манбаъди ҷавонию зебоӣ ба шумор мераванд. Ретсептҳои тибби халқиро, ки бар зидди ожанги рӯй ҳастанд, истифода бурда, шумо метавонед бо роҳи хеле осон ҷавониатонро нигоҳ доред. Яке аз давоҳо барои ҷавонию солимии пӯст картошкаи бо шир омехташуда мебошад. Ниқоби мазкур мушакҳои пӯсти рӯйро қавӣ месозад. Картошкаро бо пӯсташ дар об пухта кӯбед. Ба картошка як қошуқча равғани зайтун ё глитсерин, шир ё қаймоқ (сметана) илова карда, малҳамро ба рӯятон моледу маҳс кунед. Ниқобро боз ба рӯятон молида, бо обчинак (салфетка) пӯшонеду 20 дақиқа мунтазир шуда, баъдан бо об рӯятонро шӯед.  

5. Лимӯ ва асал ба пӯсти хушк тароват мебахшад

Ниқоб аз лимӯ ва асал

100 г асалро бо шарбати як дона лимӯ омехта карда, маҳлули ҳосилшударо ба рӯятон тунук моледу 10 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби хунук рӯятонро нағзакак бишӯед.

Қандоби ҳосилшударо муддати мадид дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст. Ин ниқобро ба пӯсти рӯю гардан субҳгоҳон мемоланд. Ниқоби мазкур барои пӯсти хушку муътадил тавсия дода мешавад.

Бештар аз малҳамҳое истифода баред, ки дар таркибашон коллаген ва ҷавҳари гиалурон дошта бошанд. Метавонед ҳамчунин ниқобҳои косметикии поккунанда, ғизобахш ва боиси пӯст партофтани рӯй мегаштаро ба кор баред.

Ҳамеша ҷавон ва зебо худро нигоҳ доред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД