Sebiston new 2024 october
5 маслиҳати муфид дар бораи татуажи абрӯвон
22.12.2024
ОИЛА.ТҶ
538

Имрӯз холкӯбӣ кардани абрӯ (перманентный макияж) дар миёни бонувон хеле мӯд шудааст. Оё ин намуди пардоз бехатар аст? Ба саволи мазкур мутахассиси холкӯбӣ ва пардози пермаментӣ Анастасия Волкова посух медиҳад.

Воқеан холкӯбӣ карданӣ абрӯ вақти бонувонро хеле сарфа мекунад. Вале қабл аз он ки абрӯвони худро холкӯбӣ мекунед, ҷиҳатҳои манфии онро низ дида бароед, зеро амалиёти мазкур вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Завқи пасти мутахассисе, ки холкӯбӣ мекунад, ягона мушкилӣ нест, баъди ба анҷом расидани амалиёти мазкур баъзе оризаҳое сар мезананд, ки онро бояд ба инобат гирифт.

Мутахассис ёбед

Сараввал барои холкӯбӣ кардани абрӯ мутахассиси хубро пайдо намоед. Муътақид гардед, ки мутахассис таҷрибаи корӣ ва маълумоти тибии махсус дошта бошад. Аз мутахассис хоҳиш намоед, ки ба шумо корҳои пешинаашро нишон диҳад, то ки ба сифати кораш баҳо дода, то кадом андоза ба шумо мувофиқ буданашро муайян намоед. Муътақид гардед, ки мутахассис тамоми қоидаҳои бехатариро риоя менамояд, аз ҷумла пушидани дастпӯшак, ниқоб ва истифода намудани маҳлулҳои зидди бемориҳои сироятӣ.

Аллергия

Баъзе бонувон баъд аз холкӯбӣ кардан ба варам кардани пӯсти рӯй ва дигар аксуламалҳои аллергикӣ мувоҷеҳ мегарданд, аз ин рӯ, қабл аз амалиёти холкӯбӣ каме рангро ба банди даст ё пушти гӯш молед.

Агар дар давоми 24 соат ягон нишонаи аллергикӣ дида нашавад, метавонед амалиётро давом диҳед.

Инфексияҳо

Безараргардонии нодурусти асбобҳо ва риоя накардани тавсияҳои нигоҳубини пӯст аз ҷониби муштарӣ пас аз ҷарроҳӣ метавонад боиси илтиҳоб, пайдоиши чирк ва ҳатто ба хун ворид гардидани инфексия гардад. Дард ва варам кардани абрӯ баъди амалиёти холкӯбӣ то 3 рӯз давом мекунад. Дар аввал холкӯбӣ ба назар хеле равшан менамояд, вале баъди муддати муайян ранги табииро мегирад. Камбудиҳои ночизро баъди як моҳ ислоҳ кардан мумкин аст.

Тавсияҳо

Рафту баъди анҷоми ин муҳлат шумо аз натиҷаи кори мутахассис қаноатманд набошед, пас холкӯбӣ бо рангҳои бесифат ё таҷҳизоти корношоям ба анҷом расонида шудааст ё шумо тавсияҳои мутахассисро баъди амалиёт иҷро накардед. Баъди анҷоми амалиёти мазкур давоми 4 соат ба абрӯвон вазелин ва хлоргексидин молидан лозим аст. Шустани рӯй ё истифодаи косметика дар ин муддат манъ аст. Муддати ду моҳ аз рафтан ба ҳаммоми гарм худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД