Барои як клиптарона омода кардан, ки миллионҳо тамошобин дошта бошад заҳматҳои зиёд бояд ба харҷ дод. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 таронаи беҳтарини ситораҳои тоҷик, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 мардум аз ҳама бештар тамошо кардаанд, маълумот медиҳем.
Дар ҷадвали беҳтарин таронаҳои нимсолаи аввали соли 2024 Нигина Амонқулова бо суруди “Марав” дар ҷойи 5-ум қарор дорад. Ин суруд 4 моҳ қабл дар ютуб-канали “Qiam Entertaimen” пешкаши ҳаводорони ин сарояндаи саршинос гардида буд. Ин клиптаронаро аз рӯзи нашр то имрӯз зиёда аз 5,1 миллион нафар дидан намудаанд. Матни суруд ба қалами шоираи шинохтаи тоҷик Меҳринисо тааллуқ дошта, коркарди мусиқӣ аз Зайн ва Ҷасур мебошад.
Дар ҷойи 4-ум таронаи бонуи ҳунар Ёсамин Давлатова бо номи “Девона” қарор дорад. Ин тарона 3 моҳ қабл дар ютуб-канали худи Ёсамин пешкаши ҳаводорони савту наво гашт. Ин таронаро аз рӯзи нашр то ба имрӯз зиёда аз 5,9 миллион нафар тамошо кардаанд.
Дар зинаи 3-юми ҷадвал сарояндаи саршинос Мадина Ақназарова бо суруди “Иқши ман” ҷойгир шудааст. Ин тарона 2 моҳ қабл дар ютуб-канали худи Мадинабону барои ҳаводоронаш пешкаш гардида буд. Клиптаронаи мазкурро дар 2 моҳ зиёда аз 5,1 миллион нафар тамошо кардаанд.
Дар ҷойи 2-юм ситораи тобноки эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва сарояндаи шинохтаи Ӯзбекистон Шавқат Умаров бо суруди “Гиждалла” қарор доранд. Ин тарона се ҳафта қабл дар ютуб-канали Шабнами Сурайё пешкаши ҳаворони мусиқӣ гашта, то ба имрӯз онро 4,9 миллион нафар дидан намудаанд. Ин клиптарона зимни консерти бонуи ҳунар Шабнами Сурайё дар шаҳри Хуҷанд сабт гардидааст.
Дар зинаи аввали беҳтарин сурудҳои нимсолаи аввали соли 2024 сарояндаи маҳбуби дилҳо Зулайхо Маҳмадшоева ва репсарои машҳур Барон бо суруди “Baby” қарор доранд. Ин суруд 1 моҳ қабл дар ютуб-канали Зулайхо Маҳмадшоева пешкаши ҳаводорони ин санъаткор гардид. Клиптаронаро дар муддати 1 моҳ зиёда аз 7,9 миллион нафар дидан намуда, ба суруд баҳои баланд додаанд. Матни суруд аз Орзу Исо ва Беҳрӯзи Шарифӣ (Барон) буда, оҳанг аз Роберт Мирзоян мебошад.