Бисёре аз бонувон бар ин боваранд, ки танҳо бо истифодаи косметикаи гаронбаҳои хориҷӣ метавонанд пӯсти зебо ва тароватбахш дошта бошанд. Ба ҳамин хотир, маблағи зиёд сарф намуда, малҳамҳо, рӯғанҳо ва дигар воситаҳои косметикиро аз ширкатҳои бонуфуз харидорӣ мекунанд. Аммо, мутаассифона, аксарият намедонанд, ки чанд одати оддӣ ва номатлуб метавонанд тамоми кӯшишҳоро барбод диҳанд.
Донистан мехоҳед, ки кадом одатҳо душмани зебоиянд? Пас, диққат диҳед!
1. Ғизои носолим
Яке аз сабабҳои асосии пӯсти безебу бенур истеъмоли хӯрокҳои зарарнок аст. Агар шумо ба фасфуд (хот-дог, питса, гамбургер, чизбургер), шириниҳо (булочка, торт, конфет) ва шоколади ширӣ одат карда бошед, аз пӯсти солиму равшан умед набаред.
Ҳатто шоколадҳое, ки камтар аз 50% какао доранд, фоидаовар нестанд. Аз маҳсулоти қандивазкунанда (сахарозаменитель) низ дурӣ ҷӯед, гарчанде калорияашон кам бошад, барои пӯст манфиате надоранд.
2. Қапидани рӯй бо даст
Бисёре аз бонувон одати даст расондан ба бинӣ, рухсора, пешонӣ ва лабҳоро доранд. Ин одат душмани асосии пӯсти шумо маҳсуб мешавад, зеро дастон манбаи ифлосӣ ва микробҳо ҳастанд. Ин микробҳо ба осонӣ ба пӯсти рӯй гузашта, боиси пайдоиши доначаҳо ва илтиҳоб мешаванд.
3. Айнак
Барои онҳое, ки айнак мепӯшанд, тавсия мешавад, ки моделҳои сабукро интихоб намоянд. Айнаки вазнин метавонад ба қисми бинӣ фишор оварда, дар он ҷо доғ ё из гузорад. Ҳамчунин, айнак бояд ҳамеша тоза нигоҳ дошта шавад, то ки дар пӯст таъсири манфӣ нарасонад.
4. Шустани нодурусти либос
Барои хушбӯй шудани либос, баъзеҳо миқдори зиёди хокаи ҷомашӯиро истифода мебаранд. Аммо ин кор метавонад боиси пайдоиши аллергия дар пӯст гардад. Кӯшиш намоед, ки либосҳоро баъд аз шустан хуб обгардон кунед. Агар мошинаи ҷомашӯӣ истифода мебаред, ҳатман барномаи “обгардонии иловагӣ”-ро фаъол созед.
5. Машрубот ва сигор
Истеъмоли машрубот пӯстро хушк намуда, сӯрохиҳои онро васеъ мекунад, ки боиси пайдоиши рагҳои сурх мегардад. Сигоркашӣ бошад, ба сабаби норасоии оксиген ранги пӯстро зард ва бемадор менамояд. Дуди сигор равандҳои тозашавии пӯстро халалдор месозад, ки натиҷааш пайдоиши доначаҳо ва нарак мебошад. Илова бар ин, сигор ба истеҳсоли коллаген - моддае, ки ҷавонии пӯстро таъмин мекунад, зарар мерасонад ва онро тадриҷан коҳиш медиҳад.