arzon november
5-бемории генетикии кӯдакона, ки аз никоҳи хешу таборӣ пайдо мешаванд
427

 

Ман Миҷгона аз шаҳри Кӯлоб. Мехостам баъди хатми мактаби миёна таҳсиламро дар ягон донишгоҳ идома диҳам, вале падару модарам зидди ин хоҳиши ман баромада, маро ба писари холаам ба шавҳар доданианд.

Мегӯянд, ки зану шавҳар хешу табор бошанд, фарзандонашон маъюб ва бемор ба дунё меоянд. Мехоҳам донам, ки никоҳи хешовандӣ кадом бемориҳоро ба вуҷуд меорад.
Миҷгона аз ш. Кӯлоб

                                  Посух
Хоҳари азиз Миҷгонабону! Тавре ки табабион мегӯянд, одам қариб 3000 ген дорад. Генҳо ҳамавақт ҷуфт, яъне дутогӣ мешаванд, яке аз модар мегузарад, дигарӣ аз падар. Як ген бемор, яъне мутатсияшуда ва гени дигар солим бошад, хатари бемор ба дунё омадани тифл камтар аст, вале ҳарду ген мутатсия шуда бошанд, он гоҳ бемории генетикӣ ба вуҷуд меояд. Хеле кам мешавад, ки дар ду одами бегона ду гени якхелаи бемор вуҷуд дошта бошад, вале дар хешовандон генҳои ҳамранги бемор зиёд во мехӯранд, барои ҳамин бештар аз никоҳи хешу таборӣ тифлони носолим тавлид мешаванд. Дар никоҳи хешовандони наздик хатари ба дунё омадани
кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Дар сурати бо писари хола, тағо, амак издивоҷ намудан ин хатар ба 4-6 % мерасад. Маҳз бо сабаби зиёд будани никоҳҳои хешу таборӣ ҳамасола миқдори тифлакони бо нуқсонҳои физиологӣ ва ақлонӣ ба дунё омада дар кишвари мо афзуда истодааст. Дар панҷ соли охир аз 4000 бемороне, ки ба шуъбаи генетикаи институти илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перенатологии ҶТ муроҷиат намудаанд, дар 1000 нафарашон сабаби беморӣ никоҳи хешу таборӣ будааст. Ин ҳамту гапи хушку холӣ не, далели аниқ, яъне натиҷаи тадқиқот аст.
Акнун дар мавриди касалиҳое, ки бо сабаби никоҳи хешу таборӣ пайдо мешаванд. Ҷавононе, ки бо хешу табори наздикашон издивоҷ менамоянд, бештар бо мушкилоти безурриётӣ, исқоти ҳамл, ба дунё омадани тифли мурда рӯ ба рӯ мегарданд. Дар кӯдакони навзоди аз никоҳи хешу таборӣ ба дунё омада бештар ин бемориҳо ба назар мерасанд:
1. Фенилкетонурия-боздошти инкишофи ҷисмонӣ ва ақлии кӯдак.
2. Албинизм-тавлиди тифл бо пӯсти беранг.
3. Синдроми Секкелия-кӯдаки қадпасти ба парранда монанд, ки ақл надорад.
4. Синдроми Меккелия-инкишоф наёфтани қариб ҳама узвҳои бадан.
5. Гипертензияи дохили майнаи сар бо синдроми гидросефалия.

Барои ҳамин падару модаронро зарур аст, ки ояндаи фарзандони худро андеша намуда, аз пайвастани тақдири ҷигарбандонашон бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои генектикӣ супурдани хун барои муайян кардани бемории ноаёни генҳо айни муддаост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД