Arzon march 2024
5 ҚАДАМ БА СӯИ ДАРОЗУМРӣ
11.07.2021
Оила
1805

Федерика Аматӣ, пизишк ва олим, дар суҳбат бо “Express” барои дароз кардани умр панҷ маслиҳат додааст.

Ӯ дар харита панҷ минтақаро бо ранги кабуд ишора кардааст, ки мардумаш аз сад сол зиёд умр мебинанд: ҷазираи Окинаваи Ҷопон, ҷазираи Сардинияи Италия, ҷазираи Икарияи Юнон, нимҷазираи Никоя дар Коста-Рика ва шаҳри Лома-Линдаи иёлоти Калифорнияи Амрико.

Чуноне хонум Аматӣ қайд кардааст, аввалин сирри дарозумрии мардуми минтақаҳои дар боло зикршуда ба ғизои рӯзмарраи онҳо вобаста будааст. Онҳо парҳези растанигиро риоя карда, бештар мева, сабзавот ва ғалладона истеъмол мекардаанд. Яъне, агар умри дароз дидан хоҳед, пас бештар меваҷоту сабзавоти тару тоза истеъмол намуда, аз ҳар гуна ғизоҳои хамирӣ ва серғизо, ки ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонанд, худдорӣ намоед.

Маслиҳати дувум зиёд ҳаракат кардан мебошад. Коршинос шарҳ додааст, ки ҳамарӯза анҷом додани ҳаракати зиёд ба организми инсон зарурӣ буда, яке аз роҳҳои дароз кардани умр низ мебошад. Тамрин мекунед ё сайру гашт, муҳим нест, муҳим он аст, ки ҳаракат кунед.

Маслиҳати сеюм истеъмоли мӯътадил мебошад. Ба гуфтаи табиб, масалан, сокинони ҷазираи Окинаваи Ҷопон меъдаи худро 100% аз хӯрок пур намекардаанд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекардаанд, ки худро то 80% сер кунанду халос. Ин низ яке аз роҳҳои дароз кардани умр мебошад.

Сокинони панҷ минтақае, ки дар боло номбар кардем, хӯроки шомро барвақттар мехӯранд ва пас аз он дигар чизе истеъмол намекунанд. Ин маслиҳати панҷуми хонум Аматӣ мебошад, ки ба дарозшавии умр мусоидат менамояд.

Дар охир коршинос аз кулли мардуми сайёра даъват ба амал овардааст, ки аз нӯшидани ҳамагуна машруботи спиртӣ худдорӣ намуда, аз асабонияту стресс дурӣ биҷӯянд.

Тибқи оморҳо, то соли 2019 дар саросари ҷаҳон ҳамагӣ 533 ҳазор нафари синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекардаанд, ки ин ба як миллион аҳолӣ 69 нафар рост меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД