arzon replenishment
496 сомонӣ нафақаи калонсолтарин нафақагири Тоҷикистон
01.08.2024
ОИЛА.ТҶ
782

Kалонсолтарин нафақагир дар ҷануби Тоҷикистон - Басимо Тӯраева 120 сол дорад.

Тавре масъулони Раёсати агентии нафақа дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ додаанд, Басимо Тӯраева, сокини деҳаи Чашмаи Бедаки ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, соли таваллудаш 6-уми майи соли 1904, то як моҳи пеш ҳамагӣ 381 сомонию 85 дирам (тақрибан 35 доллар) нафақа мегирифт ва аз 1-уми июл дар пайи 30 фоиз боло бурдани ҳаҷми нафақа дар ҷумҳурӣ, нафақаи ин зани солдида ба 496 сомонию 41 дирам, яъне ҳудуди 45 доллар баробар шудааст.

Ба ҳисоби масъулон, дар умум дар вилояти Хатлон 107 нафақагири синнашон аз 100 боло умр ба сар мебаранд. 43 нафари онҳо дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб зиндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД