Formula novemver 2024
4000 никоҳи қалбакии муҳоҷирон фош карда шуд
699

Кормандони мақомоти прокуратура дар Россия соли равон зиёда аз 300 парвандаро бо далели бастани ақди никоҳи қалбакӣ бо занҳои рус аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш намуда, барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол намудаанд. Дар ин бора rosbalt.ru дар такя ба мақомоти қудратӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, аксари шахсоне, ки никоҳи қалбакӣ доранд, на бо мақсади бунёди оила, балки ба хотири қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Федератсияи Россия бо сокинони маҳаллӣ ақди никоҳ бастаанд. Танҳо дар 7 моҳи соли равон зиёда аз 100 ҳуҷҷати иҷозатномаи муввақатии зист дар Россия, ки дар заминаи бастани ақди никоҳ бо сокинони маҳаллӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода шуда буданд, бе кор карда шуд.

Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Россия Ирина Волк дар шаҳри ин масъала гуфтааст, ки тайи 4 соли охир беш аз чор ҳазор ҳолатҳои бастани ақди никоҳи қалбакӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуда, маводҳо барои баррасии қонунӣ ва аз эътибор соқит донистани ин никоҳҳо ба суд фиристода шудаанд.

“Қарори суд барои рад кардани додани шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қонунигардонии буду бош дар Федератсияи Россия ба шахсоне, ки танҳо ба хотири манфиати худ бо сокинони маҳаллӣ ақди никоҳи қалбакӣ мебанданд, зарур аст”- гуфтааст Ирина Волк.

Ин намояндаи масъули вазорати умури дохилии Россия таъкид кардааст, ки танҳо аз ҷониби МВД дар 7 моҳи соли равон 107 иҷозатномаи зисти муввақатӣ ва 75 ҳуҷҷати иҷозатномаи зист (вид на жительство) бе кор карда шудааст.

“Ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ба хотири манфиати худ бо шаҳрвандони Россия никоҳ карда буданд, бо қарорҳои дахлдори судӣ бе кор карда шуда, аз эътибор соқит дониста шудаанд,”- илова кардааст Ирина Волк.

Дар ҳамин замина гуфта мешавад, ки ба мактабҳо дастур дода шудааст, ки шумораи фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро дар синфҳо коҳиш диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД