4-уми апрели соли 2026 дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад.
Бино ба иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳадафи чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад. Фестивал инчунин ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор гардида, ҳамоҳангсозии он ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт гузошта шудааст.
Барномаи фестивал, ки аз соати 15:00 то 22:00 идома меёбад, силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикан пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолияти ҷолиб ташкил карда мешаванд.
«Dushanbe Navruz Fest» дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе фазои идона, фароғати хотирмон ва шиносоӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллиро фароҳам меорад.
Маълумоти бештарро оид ба баргузории фестивал метавон аз саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) дастрас намуд.