Sebiston new 2024 october
4 садамаи фалокатборе, ки ҷони 5 касро рабуд
590

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани чанд садамаи маргбор дар 3 рӯзи охир хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, санаи 8-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Супер”, Эмомқулов Мақсуд, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Фархор ба самти деҳаи Сурхоби ноҳияи мазкур, дар роҳи мошингарди деҳаи Муродбахш аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба тарафи чапи роҳ ҳаракат намуда, ба дарахт бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири дучарха Тулаев Баҳром Бегматович, соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда Эмомоқулов М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Рӯзи 9-уми январи соли 2024, тахминан соати 09:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “УАЗ-469”, Маҳмадизода Қамаралӣ Сафаралӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Сангвор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии тахминан 27 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа ронанда Маҳмадизода Қ.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофири автомашинаи мазкур, Назирматов Ҷамшед Умаршоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Рӯзи 8-уми январи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-SRV», Зикриёзода Фирдавсхуҷа Қосим, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди 352-юм километри шоҳроҳи “Чанок-Хуҷанд”, дар ҳудуди маҳаллаи 40-солагии Дилварзини ҷамоати деҳоти Палдорак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Азизова Зулхумой Маҳмадовна, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Азизова З.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Санаи 9-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қодиров Қобилҷон Муъминҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар давро-даври сари пули ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, таҳти идораи ронанда, Шарифов Фаррухҷон Сатторович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” ноболиғон: Расулҷони Азиза, соли таваллудаш 2008, Шарифов Абубакр Фаррухҷонович, соли таваллудаш 2022, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Баъдан ноболиғ Шарифов А.Ф. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД