formula feb 2025
4 роҳи осони тоза кардани хона ва либос
04.04.2025
Oila.tj
569

Ба зан аз тозагии хона ва сарулибоси ҳамсару фарзандонаш баҳо медиҳанд. Сарулибоси худи зан тозаву озодаю чашму абрӯвонаш рангкарда, вале манзили зистан ифлос бошад, мардум ӯро мазаммат хоҳанд кард, ки худро ороставу пероста намуда, ба хонаву дараш аҳамият намедиҳад. Аз ҳамин хотир, имрӯз мо чанд маслиҳати муфидро дар боби тоза кардани хона ва либос пешкаши шумо - хонумҳои азиз мегардонем.

1. Оинаву шишаҳои тиреза бо намакоб хуб тоза мешаванд. Бо намакоб тоза кардани тиреза онро аз яхкунӣ нигоҳ медорад.

2. Барои он ки либоси шустаатон ботароват бошад, ба об оҳару намак андохта, бо он либосҳои шустаатонро обгардон кунед. Либоси дар чунин об чайқонидашуда нарм ва равшан мешавад.

3. Доғҳои равғанини гиребони либоси ғафсро тоза кардан хоҳед, латтаеро дар маҳлули иборат аз 0,5 қошуқча намак ва 3 қошуқ спирти навшотир тар карда, ҷойи ифлоси либосро тоза кунед.

4. Барои рафъи бӯйи нохуши ҳоҷатхона аз хамираи дандоншӯйӣ истифода бурдан мумкин аст. Як лӯлача хамираи одии дандоншӯйиро ба даруни оби баки халоҷо резед. Хамира бо об якҷоя шуда, ҳангоми кашидани об бӯйи хуш мебарояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД