Вақтҳои охир аз забони калонсолон “нишонаҳои қиёмат наздик шудааст”, “қиёмат наздик аст”-ро зиёд мешунавем. Оё қиёмат нишонаҳо дорад? Шариати Ислом нишонаҳои қиёматро муқаррар кардааст?
САЛИМА, ш. Ваҳдат
Посух:
- Дар мавриди нишонаҳои қиёмат гуфтаҳо зиёд аст, ки яке аз онҳоро пешниҳоди шумо мекунем. Байҳақӣ (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Қариб аст, ки биёяд ба мардум замонае, ки намонад аз ислом чизе, магар номи он. Ва намонад аз Қуръон чизе, магар нақши он. Масоҷид аз ҷиҳати иморат обод, аммо аз ҷиҳати ҳидоят (роҳнамоӣ) хароб. Ишон бадтарини мардум мебошанд зери осмон. Аз онҳо фитна бармеояд ва ба худи онҳо бармегардад».
Дар ин ҳадис чанд аломати қиёмат баён гардидааст:
1. Ин ки бо наздикшавии қиёмат номи ислом танҳо дар китоб ва забонҳо боқӣ мемонаду аз дилҳо берун меравад. Мусулмон аз ислом ва ислом аз мусулмон дур мешавад;
2. Ин ки мардум Қуръонро ба хотири амал ёд намекунанд, балки ба қасди таълим ёд мегиранд. Танҳо кӯшиш мекунанд, ки дар адои ҳуруф аз махориҷ моил шуда, аз мақсади аслии Қуръон дур мебошанд, яъне ба амру наҳй (фармудаю маънкарда)-и он эътибор намедиҳанд;
3. Ин ки масҷидҳо зоҳиран ободу пур аз намозхон мебошанд, аммо мақсади рафтани онҳо ба масҷид гуфтани суханни абаси дунёӣ мебошад. Ба масҷид қолинҳои мунаққаш мепартоянд, вале амри маъруфу наҳйи мункар намекунанд;
4. Ин, ки бо наздикшавии қиёмат уламои бадкор зиёд мешаванд. Онҳо ёрикунандаи золимон мебошанд. Яъне, ба ҷои он, ки золимонро аз зулм манъ намоянд, ба сӯи золимон майл карда, мутеи онҳо мегарданд.