Arzon march 2024
4 ниқоби муъҷизаноки табиӣ барои ҷавонию зебоии чашмон
17.02.2025
НОДИРА
182

Чашмро беҳуда “оинаи дил” нагуфтаанд. Ҳолати инсонро пеш аз ҳама аз чашмонаш фаҳмидан мумкин аст. Барои он ки дар атрофи чашмони шумо ожангҳои бармаҳал пайдо шуда, ҳуснатонро коста насозанд, имрӯз 4 ниқоби муъҷизаноки табииро пешкашатон месозем. Ин ниқобҳо ожангҳои атрофи чашмро ҳамвор намуда, ба чашмони шумо - бонувони азиз таровату зебоии ҷавонӣ мебахшанд.

Ниқоб аз лӯбиё ва қаймоқ

1 қошуқча пюреи гарми картошкагиро бо 1 қошуқча лӯбиёи

обпази кӯфташуда, равғани зайтун ё бодом, 1 қошуқча сметана ё саршири равғанин ва орд омехта карда, ниқоби тайёршударо ба пӯсти атрофи чашмон молидан лозим аст. Ниқобро метавонед 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби хунук шӯед. Ҳар як ниқобро баъд аз 3-4 рӯз дар давоми 5-7 ҳафта тайёр кардан лозим аст.

Ниқоб аз афлесун

Камакак шарбати афлесунро ба он зардии латзадаи тухм, 1 қошуқча асал ва 1 қошуқ равғани зайтун илова карда, дар пӯсти гирди чашм 10-15 дақиқа моледу бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз банан

Ними бананро нағзакак лат зада, ба он 1 қошуқча равғани растанӣ ва 1 қошуқча саршир илова карда, ниқобро дар пӯсти атрофи чашмонатон 15-20 дақиқа нигоҳ дореду баъд бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз сабзӣ

Сабзиро пӯст карда, аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронед ва ба он зардии 1 тухму 2 қошуқ оҳари картошкаро илова карда, нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ба пӯсти атрофи чашмон молида, баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Таҳияи НОДИРА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД