Ҳавои номусоиди зимистон – шамолҳои сарду барф таъсири ногувори худро ба пӯсти бадани инсон, бахусус ба пӯсти рӯй мерасонанд, аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани зебоии табиӣ ва ҷавонии пӯст чораҳои фаврӣ андешидан зарур аст.
Шарт нест, ки малҳамҳои қиматбаҳо харед, дар шароити хона низ шумо метавонед барои пӯстатон ниқобҳои аз сармо муҳофизаткунандаро бо дастони худ омода созед.
Барои пӯсти хушк аз зардии тухм ва равғани растанӣ малҳам омода карда ба пӯсти рӯйи худ молед.
Малҳам аз зардии тухм
Зардии тухмро бо миксер лат занед. Ба рӯятон аввал равғани растанӣ молида, баъдан зардии тухмро молед. Бо мурури хушк шудани малҳам ин амалро се бор такрор кунед.
Малҳам дар рӯятон 10 – 15 дақиқа меистад, сипас рӯятонро аввал бо оби хунук, пасон бо оби гарм шӯед.
Ниқоб аз асал
Барои ғизодиҳии махсуси пӯсти рӯй дар зимистон аз асал, зардии тухм ва равғани растанӣ малҳам омода кардан мумин аст. Як қошуқ асал ва як зардии тухмро хуб омехта карда, баъдан ба он як қошуқ равған илова кунед. Метавонед каме оби лиму чаконед. Ниқобро ба рӯй молида, пас аз хушк шудан онро бо оби гарм шӯед.
Ниқоб аз орди ҷуворимакка
Барои аз ожангҳо халос шудан метавонед аз як ниқоби таъсирбахши хонагӣ истифода баред. Барои тайёр кардани ин ниқоб ба шумо танҳо каме орди ҷуворимакка ё залич (овсянка) ва сафедии тухм лозим мешаваду халос. Як қошуқ яке аз ин ордҳоро бо сафедии тухм то кафк пайдо карданаш хуб лат занед. Ниқобро ба рӯятон молида 15 – 20 дақиқа нигоҳ доред, баъд бо сачоқчаи намнок пок карда, бо навбат бо оби гарм ва хунук шӯед.
Ниқоб аз хурмо
Барои ҷилои солим пайдо крадани рӯй ва эмин мондани пӯст аз сардӣ номгӯ маҳсулоти зеринро истифода баред: хурмо ва сметанаи 20 %.
Дилаи хурморо бо миксер лат зада, ба он 1 қошуқ сметана ҳамроҳ кунед ва хуб омехта намоед. Ниқобро ба рӯятон молида, пас аз 20 дақиқа шӯед.
Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар баробари ин метавонед ҳамарӯза 1 -2 бор бо ҷӯшобаи бобуна ва чойи камшамма рӯятонро шӯед.