arzon replenishment
4 муҳоҷири тоҷик мағозаи “Пятерочка”-ро ғорат карданд?
4204


Расонаҳои русӣ аз боздошти 4 муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми дуздию авбошӣ ва куштор хабар додаанд.

Тавре ки расонаҳои машҳури Русия менависанд, аҳли ин гурӯҳи ҷиноии 4 нафара ба рӯйҳояшон ниқоб кашида, бо мақсади ба яғмо бурдани пули калон ба яке аз мағозаҳои шабакаи “Пятерочка” ҳамла кардаанд.
Ҳодиса шаби гузашта дар деҳаи Новопетровскаяи Истра рӯй дода, се марди бо бита мусаллаҳ гашта ба мағозаи шабакаи “Пятеречка” ҳуҷум намудаанд.
“Российская газета”дар такя ба ТАСС ва дигар манбаҳои расмӣ ин ҳодисаро шарҳ дода, навиштааст, ки авбошон дар даст бита доштаанд ва аз роҳе, ки маъмулан маҳсулот ва бор ба мағоза ворид карда мешуд, ба “Пятеречка” дохил шуда, кормандони мағозаро лату кӯб кардаанд. Хазинадори мағоза, зани 51-сола бар асари лату кӯбӣ ин гурӯҳи ҷиноӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар-директори мағоза ва ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Пас аз лату кӯби кормандони мағозаи “Пятерочка” авбошон ба қавли баъзе манбаъҳо 96 ҳазор ва ба қавли манбаҳои дигар 250 ҳазор рубли русиро ба яғмо бурдаанд.
Пулис дарҳол аз пайи дастгир кардани ҷинояткорон шуда, бо гумони содир намудани ин ҷиноят 4 марди муҳоҷирро аз деҳаи ҳамсоя дастгир намудааст. Ба қавли расонаҳои русӣ се нафари онҳо дар ғоратгарӣ ва ҳуҷум ба мағоза муттаҳам дониста шуда, нафари чаҳорум вазифаи ронандагиро иҷро мекардааст. Ҳамаи 4 нафари дастгиршуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз 18 то 41 сол дошаанд.
Айни замон мақомоти тафтишотӣ қонунӣ будан ё набудани буду боши дастгиршудагонро дар Русия санҷида, муаян месозад, ки аҳли ин гурӯҳ дар дигар ҷиноятҳо низ даст доранд ё не.
Пас аз тафтишоти пурраи ҳодиса парвандаи муҳоҷирони тоҷик ба суд ирсол карда мешавад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД