Soranus
4 маҳсулоте, ки ба меъда фоида доранд
27.09.2024
ОИЛА.ТҶ
754

Салом! Ман чанд сол боз ба бемории илтиҳоби меъда - гастрит гирифтор ҳастам ва ҳар сол дар фаслҳои баҳору тирамоҳ дарди меъдаам авҷ мегирад. Илтимос дар бораи маҳсулоте, ки барои гирифторони иллатҳои меъда фоида доранд, каме маълумот диҳед.

РАМЗИЯ, аз н. Темурмалик

Посух:

- Шахсоне, ки меъдааашон ягон иллат дорад, бояд ба реҷаи ғизои худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ин тоифаи одамон бояд кам-кам ва тез-тез хӯрок хӯранд, то ки ҳазми ғизо барои меъдаашон душворӣ накунад. Гирифторони захми меъда ва илтиҳоби меъда бояд аз хӯрокҳои сахт, бирёнӣ, аз ҳад хунук ва газнок парҳез намоянд. Мо ба шумо хӯрдани маҳсулоти зеринро тавсия медиҳем:

1. Дилаи каду пардаи луобии меъдаро нарм сохта, онро аз таъсироти манфӣ ҳифз менамояд.

2. Анор шираи меъдаро паст карда, ҷараёни илтиҳоби пардаи луобиро дар меъда кам мекунад.

3. “Черника”, “клюква”, “голубика” таъсири зиддимикробӣ дошта, микрофлораи меъдаро ба эътидол меоранд.

4. Тухми зағир таъсири луобсоз дорад. Он пардаҳои луобии меъдаро аз микробҳои зараровар ҳифз намуда, ҷисмро аз заҳру таҳшин тоза мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД