Заминларзаи шадиде, ки субҳи10-уми юл дар Рашт ба амал омад, даҳҳо хонаро вайрону валангор намуда, ҷони 5 инсонро рабуд. Мутаассифона, дар байни қурбониёни ин офати табиӣ 4 нафар кӯдакони ноболиғ ва як зани солхӯрдаи 70- сола низ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ному насаби қурбониёни заминларзаи рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ ба вуқуъ пайвастаро эълон намуд. Тибқи иттилои ин манбаи мӯътамад, офати табиӣ 92 хонаро вайрон карда, 16 нафарро захмӣ ва ҷони 5 нафарро рабудааст. Бар асари заминларза 4 нафар кӯдакону наврасони аз 4 то 14 сола ва як зани солманди 70- сола ҷони худро аз даст додаанд. Инҳо:
1. Булбулова Роҳбия 4-сола
2. Боймурдов Қадриддин 6-сола
3. Куканов Аёзиддин 7-сола
4. Мирзошев Фирдавс 14-сола
5. Маҳмудуллоева Турон 70-сола
Заминларза дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Тоҷикобод 29 хона, Ярха -38 хона, Моҳи Хоса 5 хона, Ҳазорчашма 15 хона, Қалъа 15 хона, Ҷалобод 3 хона, Шамар 1 хона, Уштурпас 7 хона, Ярхаби Чуқурак 6 хона, Ҳиҷбора 1 хона ва дар маҷмуъ 92 хонаро қисман ё пурра вайрон намудааст.
Дар ҷамоати деҳоти Аскалон дар деҳаи Додбахт ба 5 хона, дар Сари Шухон ба 19 хона ва 1 мактаб, дар Шархо ба 4 хона, дар Кул ба 12 хона, дар Камолиён ба 5 хона, дар Зиҳбед ба 7 хона, дар Туғак ба 1 хона зарра расонидааст. Дар ин ҷамоат дар маҷмуъ 53 хона аз офати табиӣ зиён дидаанд.
Дар деҳаи дараи Ҳайрони ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор ни заминларза 2 хонаро вайрон кардаст.
Ёдрас мешавем, ки заминларза рӯзи 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт ба амал омада, қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.