Намаки баҳрӣ рагҳои пӯстро қувват мебахшад, бо намакоби баҳрӣ шустушӯ кардан ҳангоми намоён будани рагчаҳои хурд дар пӯст муфид аст.
4 фоидаи намаки баҳрӣ ба пӯст:
1. Намаки баҳрӣ пӯстро ботароват месозад.
2. Мушакҳои тарангшудаи пӯсти рӯйро таскин мебахшад.
3. Аз сарчашмаҳои илмӣ маълум гаштааст, ки намаки баҳрӣ гардиши хунро дар пӯст тезонида, азнавшавии ҳуҷайраҳои пӯстро фаъолтар месозад.
4. Намаки баҳрӣ асабро ором ва мубодилаи моддаҳоро беҳтар месозад.
Бо вуҷуди хусусиятҳои табобатӣ доштанаш, истифода бурдани намаки баҳрӣ барои баъзеҳо манъ аст:
- Барои нафароне, ки дар пӯсташон захму яраи кушода доранд.
- Барои нафароне, ки пӯсташон лат хӯрдааст.
- Барои нафароне, ки пӯсти хушк доранд.