arzon replenishment
4 ғалати занону духтарон ҳангоми тоза кардани пӯст
21.11.2024
ОИЛА.ТҶ
538

Аксари духтарон ҳангоми нигоҳубини пӯсти худ ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Ҳол он ки сири зебоии пӯст дар дуруст тоза кардани он аст. Имрӯз мо дар бораи 4 ғалате маълумот медиҳем, ки бонувон ҳангоми тоза кардани пӯсти рӯй ба он роҳ медиҳанд.

Баъзе хонумҳо барои кам кардани равғаннокии пӯст аз маҳлулҳои спиртдор истифода мебаранд, вале ҳолати пӯстро бо ин амали худ бадтар месозанд. Дар натиҷа:

- Пӯст чарби бештар ҷудо мекунад, зеро ин аксуламали муҳофизатӣ аст. Ҳангоми молидани спирт, пӯст худро муҳофизат мекунад. Ҳар қадаре спирт бисёр истифода бурда шавад, ҳамон андоза чарби пӯст бештар хориҷ мегардад. Чарб, ки зиёд шуд, нуқтачаҳои сиёҳ низ дар пӯст зиёд мегарданд.

Қисмати зиёди занону духтарон барои тоза кардани пӯсти рӯй аз оби “митселяр”-ӣ истифода мебаранд, вале баъди молидани маҳлули мазкур ба пӯсти рӯй бо об шустушӯ намекунанд. Дар натиҷа:

- Оби “митселляр”-ӣ тамоми намуди ифлосиҳоро ба худ ҷалб месозад. Агар баъди истифода бурдани оби “митселяр”-ӣ дарҳол ба пӯсти рӯй малҳам молида шавад, тамоми ифлосиҳо ба сӯрохиҳои пӯст ворид мегарданд. Бо оби муқаррарӣ шустани пӯсти рӯй кифоя нест, бояд ҳатман маҳлули рӯйшӯӣ ба кор бурда шавад.

Занҳое ҳастанд, ки барои пок сохтани пӯсти рӯй аз малҳам ва дигар ифлосиҳо умуман аз оби “митселяр”-ӣ ва равғани “гидрофил”-ӣ истифода намебаранд. Дар натиҷа:

- Пӯсти рӯй пур аз нарак ва нуқтачаҳои сиёҳ мегардад. Нуқтачаҳои сиёҳ дар пӯсти рӯй нишонаи пӯстро нодуруст тоза кардан аст.

Занҳои зиёде бо мақсади чуқуртар тоза кардани қабати болоии пӯсти рӯй аз амалиёти “пилинг” истифода мебаранд, вале бонувоне низ ҳастанд, ки онро умуман истифода намебаранд. Дар натиҷа:

“Пилинг” қисматҳои зарарнок надорад ва ба пӯсти рӯй осеб намерасонад. Пулакчаҳои мурда худ ба худ аз пӯсти рӯй нест намешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД