Имсол ҳаво бениҳоят гарм шуда, гармои шадид боиси марги садҳо нафар гашта истодааст. Ҳавои гарм махсусан барои шахсоне, ки фишорбаландии шараёнӣ доранд ё ба касалиҳои дил гирифтор ҳастанд, хавфнок мебошад...
Бар асари гармои шадид дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам ҳамарӯза садҳо нафар мемиранд. Танҳо дар Испания 360 кас аз гармӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора "Овози Самарқанд" дар истинод ба манбааш иттилоъ медиҳад.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, дар Испания танҳо дар тӯли шаш рӯзи гармии тоқатфарсо 360 нафар ба ҳалокат расидаанд. Фақат дар як рӯз-15 июл дар натиҷаи гармии бесобиқа дар ин кишвар 123 нафар ҷон бохтаанд.
Гармии тоқатфарсо аз 10-июл сар шуда, ҳарорати ҳаво якбора то ба 45 дараҷа расидааст. Дар панҷ минтақаи ин кишвар- Андалусия, Кастилия-и-Леоне, Кастилиа-Ла-Манча, Галисия ва Экстремадура дараҷаи максималии хавфи обу ҳаво— «сурх» (хатари шадид) муқаррар шудааст.
Чанде пеш иттилоъ дода шуда буд, ки дар Испания аз гармии бесобиқаи ҳаво фавти парандагон низ ба мушоҳида расидааст.
Дар Британия низ аз сабаби гармии сӯзони аз 40 С° боло дараҷаи огоҳии "сурх" эълон карда шудааст.
Дар як мусоҳибаи хеш профессор Борис Александрович бо рӯзноманигори Газета.ру доир ба ҳавои гарм ва пешгирӣ аз хатарҳои он чунин гуфта буд:
"Гармии бесобиқаи ҳаво ҳарорати хунро низ баланд карда, дар натиҷа кори мушакҳои дил суст мешавад. Гармо боиси беобшавии бадан, арақи аз ҳад зиёд, тағирёбии таркиби намак ва часпакии хун мегардад. Олимон муайян кардаанд, ки дар шароити гармӣ қариб ҳама нишондиҳандаҳои саломатии инсон тағйир меёбанд. Гармои шадид бештар ба кӯдакони навзод ва то панҷсола, занони ҳомиладор, шахсони аз 65-сола боло, нафарони гирифтори бемориҳои музмини гурда, шуш, дил ва маъюбон таъсири бештар дорад."
Профессор Борис Александрович тавсия додааст, ки мардум ба хотири каме ҳам бошад, камтар кардани таъсири гармо ба саломатӣ ҳар қадр, ки метавонан, бештар об нӯшанд. Истеъмоли маҳсулоти дорои шакар ва гӯшти равғаниро кам карда, аз нӯшокиҳои спиртӣ даст кашанд ва либоси тунук ба бар намуда, ҳатман кулоҳ бипӯшанд..
Имсол ҳаво дар кишвари мо низ нисбат ба солҳои пешин хеле гарм шудааст. Аз ҳамин хотир мо аз тамомми сокинони кишвар хоҳиш мекунем, ки саломатии худ ва наздиконашонро эҳтиёт намуда, бидуни зарурат дар чунин ҳавои гарм дар кӯчаву бозорҳо нагарданд ва кӯдаконро беназорат нагузоранд, зеро хавфи офтобзанӣ ва ҳамзамон хатари афтодан ба обу ғарқшавӣ зимни оббозӣ вуҷуд дорад. Одамоне, ки ба касалии дил ё фишорбаландӣ гирифторанд, дар гармои сӯзон бидуни зарурат аз хона набароянд ва ба тавсияи табибон риоя карда, доруву дармони фармудаи духтури табобатиашонро ҳатман бигиранд.
Абдуғаффор Шодиев