sebiston july new
300-СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ БЕНИҚОБӢ!
1699

 

Қобили зикр аст, ки коронавирус танҳо мушкили Тоҷикистон набуда, имрӯз ин бемории ҳамагир сар то сари оламро ба изтироб овардааст.

Бузургтарин ва пуриқтидортарин кишварҳои ҷаҳон низ то ба ҳол роҳи пурра мағлуб намудани ин бемории сироятиро пайдо накардаанд. Ягона воситаи худро муҳофизат намудан аз коронавирус ин пӯшидани ниқоб, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва масофаи иҷтимоӣ аст.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон кардааст, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла надоштани ниқоб сокинон ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамарўза дар шаҳр корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаро роҳандозӣ кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Гуфта шудааст, ки гуруҳҳои корӣ бо ронандагону мусофирон ва сокинону меҳмонони шаҳр, ки дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷамъ мешаванд, чунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Қайд карда шудааст, ки то ҳол бархе аз ронандагону мусофирон бидуни ниқоб буда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд.
“Ҳол он, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад. Чунин бепарвоӣ метавонад, ки мизони мубталошавии мардумро дар як муддати кутоҳ боло барад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Манбаъ қайд кардаст, ки гурӯҳи тарғиботӣ мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват кардаанд.

Ҳамзамон манбаъ ёдрас шудааст, ки тибқи моддаи 113 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва дигар бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи қонуни Тоҷикистон 60 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳама ҳолат қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд ва ҳатман аз ниқобҳо истифода намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД