Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар мавриди рӯёнидани ҳаққи меҳнати муҳоҷирони тоҷик аз корфармоҳо иттилоъ додааст.
Ба зикри ин ниҳод, дар соли 2023 бо мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия музди меҳнати пардохтношудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 244 612 402,00 рубл (муодил ба 29 353 488,00 сомонӣ) баргардонида шуд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, нусхаи аслии онро нигоҳ доранд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар шаҳри Москва ва Ҳавзаҳои федералии Россия бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53.