Кормандони хадамоти бехатарии Ӯзбекистон як гурӯҳи калони нашъаҷаллобонро дастгир кардаанд, ки дар байнашон 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ будаанд. Аъзои ин гурӯҳ кӯшиш кардаанд, ки 10 кг 50 грамм маводи нашъадорро ба ҷумҳурӣ ворид намоянд.
Ба иттилои расонаҳо, гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарё боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо маводи мухаддиро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон гузаронидаанд. Дар минтақаҳои дигари Ӯзбекистон низ маводи мухаддир пайдо ва мусодира карда шудааст.
Дар маҷмуъ 47,2 кг маводи гуногуни нашъаовар аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ӯзбекистон ворид карда шуда, аз ҷониби мақомоти ӯзбек нисбати дигар боздоштшудагон, ки дар байни онҳо низ зодагони Тоҷикистон ҳастанд, парвандаи ҷинояӣ оғоз карда шудааст. Ба дастгиршудагон ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад.
Ин алакай дувумин ҳодисаи боздошти нашъаҷаллобон аз Тоҷикистон дар қаламравӣ Ӯзбекистон мебошад. Моҳи сентябри соли равон 5 нафар шаҳвандони кишвари мо дар ҷумҳурии ҳамсоя бо 15 кг нашъа ба чанг афтоданд, ки аз 3 нафари дигар низ ҳудуди 3 кг маводи нашъовари гашиш ёфт шуда буд.