Arzon march 2024
3 варзишгари тоҷик, ки ифтихори миллатанд
741

Ҳамасола 23-юми май дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” ҷашн гирифта мешавад. Тавре мегӯянд, ҷавонон ояндаи миллатанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 3 варзишгари тоҷик маълумот медиҳем, ки Тоҷикистонро бори дигар дар саросари ҷаҳон муаррифӣ карда, номи миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Сомон Маҳмадбеков-дзюдочии тоҷик, дорандаи медали тилло дар Ҷоми Осиё,беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2019, ғолиби Чемпионати ҷаҳонии 2019 байни наврасон. Финалисти Чемпианти Осиё -2021 ва барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2024.

Ин ҷавони паҳлавон 24-марти соли 1999 дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Падараш Моёншо Маҳмадбеков ва модараш Ҷамила Парвонаева истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Ҳафтаи равон Сомон Маҳмадбеков тавонист дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Аморати Муттаҳидаи Араб рақиби Гурҷиаш Дмитрий Гочиладзеро шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ гардад. Ёдрас мешавем, ки 17 сол қабл дар қаҳрамони ҷаҳон Расул Боқиев ғолиб омада буд ва баъди солиёни зиёд Сомон тавонист дуюмин медали ин мусобиқаи баландпояро ба Тоҷикистон орад.

Рустам Бобораҳимович Ятимов - футболбози тоҷик, дарвозабони дастаи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон

Рустам Ятимов 13-июли соли 1998 дар Нижний Новгоради Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Модараш рус ва падараш зодаи Тоҷикистон мебошанд. Ӯ тамринҳояшро дар бошгоҳи “Волга-СДЮСШОР-8” оғоз карда айни ҳол дар дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ карда истодааст. Рустам бо дастаи “Истиқлол” шаш маротиба унвони Чемпиони Тоҷикистон, чор маротиба Ҷоми Тоҷикистон ва панҷ маротиба Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Баҳодур Усмонов - яке аз 50 нафари беҳтарини рейтинги ҷаҳонӣ, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни ҳаваскорон ва иштирокчии Бозиҳои олимпӣ буда, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро дар вазни 63,5 кг соҳиб шудааст.

Ин муштзани тоҷик 21-декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ ба бокс шавқу рағбати беандоза дошт.Айни замон ин ҷавони таҳамтан яке аз беҳтарин муштзанҳои касбии тоҷик ба шумор рафта, дар ҷодаи бокс ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба комёбиҳои зиёде ноил гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД