Пӯсти рӯй ниёз ба нигоҳубини мунтазам дорад. Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин раванд, нарм ва намнок нигоҳ доштани он мебошад. Пӯсти хушк аз таъсири шамол, моддаҳои зараровар ва заҳрнок бештар осеб меёбад. Мутахассисони дерматология нармсозии пӯстро ҷузъи муҳими нигоҳубини рӯй медонанд. Барои он ки ин раванд самараи хуб диҳад, риояи се қоидаи зерин зарур аст:
1. Қабати муҳофизатии пӯстро тақвият бахшед
Қабати болоии пӯст аз пардаи тунуке иборат аст, ки бухоршавии намиро пешгирӣ мекунад. Барои нигоҳ доштани он бояд косметикаеро истифода бурд, ки дорои равғанҳои табиӣ (кокос, какао, донаки ангур), ланолин, глитсерин, коллаген ва алоэ вера бошад.
2. Аз зарари малҳамҳо эҳтиёт шавед
Истифодаи мунтазами малҳамҳои сахт метавонад қабати муҳофизатии пӯстро вайрон кунад. Ин боиси хушкӣ, кашишхӯрӣ ва сурхшавии пӯст мегардад, ҳатто дар онҳое, ки пӯсти равғанин доранд. Барои барқарорсозии он, аз косметикаи ғанӣ аз чарбҳои табиӣ, холестерин, витаминҳои A ва E, инчунин равғанҳои растанӣ (гандум ва донаки ангур) истифода баред.
3. Намнокиро дар пӯст нигоҳ доред
Маҳсулотеро истифода баред, ки қобилияти нигоҳ доштани обро дар ҳуҷайраҳои пӯст доранд. Масалан, кислотаи гиалурон метавонад то 500 молекулаи обро дар худ нигоҳ дорад. Дар ҳавои гарм рӯйро бо оби минералӣ ё зеризаминӣ шустан тавсия дода мешавад.
Ниқоб аз асал ва шир
Миқдори баробари ширу асалро омехта кунед. Малҳамро бо мӯқалами мулоим ба пӯсти рӯй молед ва 20 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан бо оби ширгарм шӯед.
Ниқоб аз тухм ва фалла
Як тухмро лат занед, ба он 2 қошуқ фалла ва ним қошуқча асал илова кунед. Омехтаро яклухт намуда, ба рӯй молед. Баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шустанро фаромӯш накунед.
Ниқоби сабзавотӣ
Як дона сабзиро аз турбтарошак гузаронда, барои пӯсти хушк як қошуқ қаймоқ ва барои пӯсти равғанин як қошуқ кефир илова кунед. Ниқобро 15-20 дақиқа нигоҳ дошта, бо оби хунук бишӯед.