Салом! Нав ба синни 35 қадам гузоштаам, вале дар рӯям аллакай ожангҳо пайдо шудаанд. Ҷавонзани зебо ҳастам ва намехоҳам пеш аз мӯҳлат пир шавам. Мегуфтед, ки барои халосӣ аз ожангҳои рӯй чи кор кардан лозим аст?
СОРО, сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд
Посух:
- Барои он ки пӯст бармаҳал пажмурда шуда пур аз ожанг ва чину чурук нашавад, зан бояд чеҳраи худро хеле хуб нигоҳубин намояд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 3 роҳи осони халосӣ аз ожангҳои рӯй маълумот медиҳем.
Витамини Е
Дар рӯихати мубориза бо ожангҳо дар ҷои аввал витамини самарабахши Е меистад, ин витамин ҳам пиршавии пӯстро пешгирӣ менамояду ҳам чинҳои куҳнаро рафъ месозад. Каме витамини равғаннокро қабл аз хоб ба чинҳои рӯятон молида хоб кунед.
Равғани зайтун
Равғани зайтун пӯстро ҳамвор сохта, ғизо мебахшад ва нарму пок месозад. Беҳуда нест, ки косметологон дар тайёр кардани малҳаму ниқобҳо ин равғанро ба кор мебаранд. Ҳамарӯза ба рӯю гардан молидани равғани зайтун пӯстро тароват бахшида, чинҳояшро нобуд месозад.
Шарбати алоэ
Дар Мисри қадим бо шарбати сабр (алоэ) бемориҳои зиёди пӯстро табобат мекарданд, маҳз ҳамин растаниро то ба имрӯз растании ҷовидона меноманд. Шарбати сабр ҳатто чинҳои чуқуртаринро ҳамвор месозад. Алоеро ба пӯсти рӯятон молида, шоҳиди он мешавед, ки пӯст шарбатро дарҳол ҷабида мегирад.