Soranus
3 роҳи осони халосӣ аз геморой
15.12.2024
ОИЛА.ТҶ
820

Салом! Ман 5-6 сол боз ба геморой гирифтор ҳастам ва махсусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон сахт азоб мекашам. Шавҳарам бисёр бадрашк аст ва барои ба назди духтур рафтани ман иҷозат намедиҳад. Ягон давои халқие ҳаст, ки каме ҳам бошад, дард ва сӯзиши геморойро каатар кунад?

Г. Д., сокини ш. Кӯлоб

Посух:

- Тибби халқӣ як хазинаи хеле бузург буда, дар он барои ҳама гуна дард дармон ёфт меашвад. Ман ба шумо чанд давои оддиро тавсия медиҳам, ки барои халосӣ аз дарду сӯзиши геморой ёрӣ мерасонанд.

Давои аввал

Барои таскини дарди бавосир 30 гр, гиёҳи чилбуғумро дар ним литр об ҳамагӣ 3 дақиқа ҷӯшонда, рӯзе 3-4 маротиба пеш аз хӯрок ба миқдори 50 граммӣ ба бемор нӯшонед.

Давои дигар

Геморой аз берун бошад, се литр оби гармро дар ванна ё тағора рехта, ба он 500 гр намак илова намоед ва дар даруни ин об то хунук шуданаш бишинед. Фақат эҳтиёт шавед, ки об аз ҳад зиёд гарм ва сӯзон набошад. Ин амалро чанд бегоҳ такрор кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД