Commerce bank may-june 2026
3 роҳи осони халосӣ аз доғҳои нарак
06.06.2026
Oila.tj
138

Аксарияти занону духтарон баробари пайдо шудани нарак дар пӯсти рӯяшон онро бо нохун зер карда, чиркашро мебароранд. Дар натиҷа дар пӯст доғҳои сиёҳи нарак боқӣ монда, ҳусни занро коста месозанд. Бо хоҳиши бонувон имрӯз мо дар бораи роҳҳои осони халос шудан аз доғҳои нарак маълумот медиҳем.

Тавре тадқиқотҳои тиббӣ нишон медиҳанд, доғҳои баъди нарак дар пӯсти рӯй боқимонда характери пигментӣ доранд. Вақте пӯст шамол мекашад, тунук гашта, аз нурҳои офтоб бештар зарар мебинад.

Барои он ки доғҳои баъди нарак тоза шаванд, табибони пӯст маслиҳат медиҳанд, ки аз мазҳои махсуси салитсил, гликолевӣ ё азелаинӣ истифода баред:

1. Мази салитсил (салициловая мазь), мази синк (цинковая мазь), мази синтомитсин (синтомициновая мазь), мази ихтиол (ихтиоловая мазь) - яке аз ин мазҳоро ба ҷойҳои доғҳои нарак дошта молида, баъдан бо об шӯед, пайи наракҳо дар давоми як ҳафта нест мешаванд. Ин мазҳо дар тамоми дорухонаҳо мавҷуд буда, ниҳоят арзон ҳастанд.

2. Мази аз исфанҷи обӣ (бодяга) омодашуда таъсири ниҳоят хуб дорад: 1 қошуқ хокаашро бо 3-5 қатра перекис водороди 3 % омехта карда, ба доғҳои рӯятон моледу 15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас рӯятонро шӯед. Пӯстатон каме сӯзиш мекунад, тоқат кунед. Беҳтараш мази мазкурро шабона молед, зеро одатан баъди молидани он пӯсти рӯй сурх мешавад. Фоидаи ин маз дар он аст, ки дар ҷойҳои осебдидаи пӯст гардиши хунро метезонад ва пӯсти карахтшуда мерезад.

3. Боз як мази дигар, ки доғҳои наракро хеле хуб тоза мекунад, контрактубекс ном дорад. Мази мазкур ба шарте самараи хуб медиҳад, ки доғҳои баъди нарак ба наздикӣ пайдо шуда, хурд бошанд. Ба доғҳои кӯҳнашуда ин малҳам таъсир расонида наметавонад.

Дар охир чанд тавсияи муҳимро пешкашатон месозем:

- Наракҳои пӯсти рӯйро бо дастонатон зер накунед!

- Тамоми намуди малҳамро танҳо ба пӯсти тозаи рӯй молед!

- Табобати доғҳои пӯсти рӯйро дар давраи тобистону тирамоҳ ба роҳ монед: аксарияти малҳамҳо пӯстро хушк мекунанд.

- Дар рафти табобат аз нурҳои офтоб рӯятонро пинҳон намоед.

- Дар давраи табобат дорувориҳои витамини С доштаро истеъмол намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД