3 роҳи осони ҷавон ва зебо мондани бонувон
11.01.2026
Oila.tj
51

Ҳар як зан мехоҳад ҳамеша ҷавон ва зебо бимонад, вале аксаран худи мо - бонувон бо рафтори нодурустамон боиси ба зудӣ пажмурда шудани пӯст ва косташавии ҳусну малоҳатамон мегардем. Сирри зебоӣ дар косметикаи гаронбаҳо ва амалиётҳои пай дар пайи зебоӣ нест. Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳҳои осонтарини ҷавону зебо мондан маълумот медиҳем.  

Душмани ҷавонӣ

Кинаю адоватро дар дил гирифтан ва хафагиву дилсиёҳӣ душмани асосии ҳусну ҷамоли инсон аст. Пайваста дар бораи нокомиҳои худ фикр карда, шумо худатонро бармаҳал пир мекунед. Фаромӯш накунед, ки шумо одам ҳастед, на компютер ё мошинаи боркаш. Одамизод наметавонад дар як вақт чанд кори муҳимро ба анҷом расонад. Холаи ҳамакора ҳама кораш нимкола шудан нахоҳед, беҳтараш вақти худро ба низом дароред ва аз рӯйи реҷаи муайян кор кунед. Баъзе мушкилоти майда-чӯйдаи рӯзгорро фаромӯш кардан беҳтар аст.

Сайругашт кунед!

Рӯзи шумо дар корхона бегоҳ мешуда бошад, кӯшиш намоед, ки фориғ аз кор ба сайругашти шаҳр бароед ва ҳамроҳи дугонаҳоятон гоҳ-гоҳ аз шаҳр берун ҳавохӯрӣ равед.

Дар бораи косметикаи декоративӣ ҳаминро қайд кардан мехоҳем, ки бо молидани малҳами ҳамранг (тоналный) камбудиҳои пӯстро пинҳон карда намешавад, вале чизи дигаре ҳаст, ки дар ин ҳолат ба шумо кӯмак мерасонад. Барои он ки ба назар ҷавонтару ботароват намоед, аз малҳам – корректор (камбудиҳои пӯстро пинҳон месозад) ва пудраи минералӣ истифода баред.

Малҳамҳои витаминдор

Дар баробари риоя намудани қоидаҳои дар боло зикршуда аз малҳамҳои зиддисиннусолӣ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Малҳами фоидабахштарин барои пӯсти хаста ҳамонест, ки дорои кислотаи гиалурон, пептидҳо, АНА-кислотаҳо, ретиноидҳо, витамин-антиоксидантҳои А, С ва Е, растаниҳои баҳрӣ ва коллаген бошанд. Субҳгоҳон ба пӯсти рӯй пораҳои яхи аз равғанҳои эфир омодашударо молида, шумо ба чеҳраатон таровати ҷавонӣ мебахшед. Ях сӯрохиҳои пӯстро маҳкам карда, мушкили васеъшавии рагҳо ва сурхии пӯстро рафъ месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД