arzon replenishment
3-оилаи хушбахти тоҷик, ки хурду калон дӯсташон медоранд
765


Хонандагони азиз!
Ҳамасола дар Тоҷикистон 15-май ҳамчун Рӯзӣ Оила ҷашн гирифта мешавад. Оила ячейкаи аввалини ҷамъият буда, дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи 3 оилаи ҷавони тоҷик маълумот медиҳем, ки хеле машҳур буда, фаъолияти густурда доранд ва дар дили миллионҳо одамон маъво гирифтаанд.

Хушбахтии оилавӣ дар пардаи видео

Яке аз чунин оилаҳои муваффақ Азиз ва Раҳима мебошанд. Азиз ва Раҳима зану шавҳар буда, аз зумраи блогерҳои машҳури шабакаи “Инстаграмм”ба шумор мераванд. Онҳо дар саҳифаи “Инстаграм” зиёда аз 1.8 миллион обуначи доранд ва ҳамарӯза дар бораи ҳаёти хашбахтонаи худ ҳамроҳи духтарчаашон ба мардум роликҳои ҷолибу тамошобобро пешниҳод месозанд.
Нек ва Тарра мардумро механдонанду...

Ҷуфти дигари машҳур Некрӯз ва Муаттара мебошанд. Ин ду блогери серҳаводори тоҷик бештар бо номҳои Нек ва Тарра машҳуранд.

Некрӯз ҳамроҳи Тара Динова дар баробари зиндагии яҷояи оилавиашон ҳамчунин блогҳои ҳаҷвӣ доранд. Nek.xxl дар саҳифаи инсаграм зиёда аз 1.1 миллион ва taradinova 762 ҳазор обуначи доранд. Онҳо дар наворҳояшон дар қолабҳои гуногун қиссаҳои маъмулиро аз зиндагии тоҷиконро намоиш медиҳад,ки дар байни тамошобинон мухлисони зиёд доранд.

            Асрори ишқи Сабрина ва Абулло

Сабринаи Назрӣ ва Абдулло Шарипов-ин ду ситораи машҳури “Инстаграм”соли 2020 хонадор шуда буданд ва айни замон соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк бо номҳои Карашма ва Муҳаммад мебошанд.

Сабарина яке аз мушҳуртарин блогерзанони тоҷик буда дар саҳифаи “Инстаграм” 1.1 млн обуначи дорад. Шавҳараш Абдулло Шарипов бошад, соҳиби яке аз «Barber- shop»-ҳои машҳури Душанбе буда,шогирдони зиёде дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД