Arzon march 2024
3 қоидаи асосии нигоҳубини дандон
759

Дандонҳои тозаю солим ба ҳусни инсон ҳусни тоза зам намуда, ҳангоми табассум кардан бо ҷилои худ касро дар назар боз ҳам зеботар ҷилва медиҳанд. Барои он ки дандонҳо зард нашаванд, напӯсанд ва нарезанд, аз кӯдакӣ онҳоро бояд хуб нигоҳубин кард.

Қоидаҳои нигоҳубини дандон

1. Дандонҳоятонро дуруст шӯед

Шумо бояд дандонҳоятонро дар як рӯз 2 маротиба - субҳ ва шом пеш аз хоб ва баъди аз хоб хестан бишӯед. Дандонҳоро 15 дақиқа пеш аз хӯрок шустан лозим аст, то маззаи хӯрок бо бӯйи хамираи дандоншӯйӣ омехта шуда, табъатонро хира насозад. Пас аз наҳорӣ бояд даҳонатонро бо об чайқонед. Метавонед ба об ним қошуқча сода илова карда, баъдан чайқонед ё ба хамираи дандоншӯйӣ каме сода ҳамроҳ карда, дандонатонро бишӯед.

2. Интихоби чуткаи дандоншӯйӣ

Мо ҳамарӯза дандонҳои худро бо чуткаи дандоншӯйӣ мешӯем. Барои ҳамин, бояд нахҳои чутка мулоиму нарм бошанд, то ки гӯштҳои милки дандон осеб набинанд. Албатта, ҳар як нафар худаш чуткаи писандидаи худро интихоб мекунад, вале духтури дандон метавонад ба шумо барои интихоби дуруст ва безарари чутка кумак расонад. Чуткаи дандоншӯйӣ бояд нахҳои сунъӣ ва мулоим дошта бошад.

3. Интихоби дурусти хамираи дандоншӯйӣ

Хамираи дандоншӯйиро бояд мувофиқ ба дандонҳои худ интихоб кунед. Якчанд навъи хамираи дандоншӯйӣ вуҷуд доранд, ки метавонед тарзи дурусташро интихоб намоед.

Гигиенӣ. Бӯйи бади даҳонро мегирад, барои шахсони дандоҳои солимдошта мувофиқ аст. Он дар таркибаш ҷузъҳои табобаткунанда ва доруворӣ надорад, танҳо бӯйи бади даҳонро мегирад.

Фтордор (фторсодержащие). Ионҳои фторид рушди кариесро пешгирӣ мекунанд, бактерияҳоро мекушанд ва барои мустаҳкам кардани сири дандон муфиданд.

Хамираи табобатӣ. Ин гуна хамира аз алафҳои табобаткунанда омода мешавад. Экстрактҳои минералӣ, намакҳо ва иловаҳои парҳезӣ рушди кариесро пешгирӣ мекунанд, илтиҳобро рафъ месозанд ва ба милки дандонҳо таъсири шифобахш мерасонанд. Он барои одамони гирифтори бемориҳои дандон мувофиқ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД