arzon replenishment
3 ниқоби ҷавонкунанда барои халосӣ аз ожангҳои атрофи чашмон
13.02.2025
Oila.tj
967

Баъди 30-солагӣ пӯсти рӯйи зан тағйир меёбад. Таровату нафосати пӯст гум шуда, ожангҳои аввалин пайдо мешаванд. Баъди 40-солагӣ ҷараёни пиршавии пӯсти рӯй бошиддат давом мекунад. Пеш аз ҳама, дар кунҷи чашмон чинҳои чуқур пайдо мешаванд. Пӯсти атрофи чашмон тунук аст, ҳар замон хандидану гиря кардан, абрӯ дарҳам кашидан боиси ба вуҷуд омадани ожангҳо мегардад. Бонувоне, ки ба ҳолати пӯсти рӯяшон бепарво нестанд, ба нигоҳубини пӯсти атрофи чашм диққати хоса медиҳанд.

Имрӯз мо ба шумо, бонувони азиз, дар бораи ниқоб - лифтингҳое маълумот медиҳем, ки аз маҳсулоти дастрас омода шуда, барои тароватноку ҳамвор кардани ожанги кунҷи чашмон на камтар аз малҳамҳои мағозагӣ кумак мерасонанд.

Картошка - давои варами чашм

1 дона картошкаро шуста, хушконида, аз турбтарошаки хурдсӯрох гузаронед. Саҳару бегоҳ каме картошкаи тарошидашударо ба пораи дока гирифта, ба қисми поёни чашмонатон 10-15 дақиқа нигоҳ доред.

Асалу зардии тухм

1 қошуқ асал, зардии 1 тухм, 1 қошуқ орд, 3-4 қатра витамини Е-ро нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ҳафтае 2-3 бор ба гирди чашмонатон молида, баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Барги ҷаъфарӣ

Баргҳои ҷаъфариро нағзакак шуста, оби онро ба атрофи чашмонатон молида, бо докачаи дар оби сард таршуда пӯшонед. Барои ниқоби дигар 1 қошуқ оби ҷаъфариро бо 2 қошуқча сметанаи беравған омехта карда, ба поёни чашмҳо молидан лозим аст. Тақрибан баъди 15 дақиқа ниқобро бо оби хунук шӯед. Аз ҷаъфарӣ боз як ниқоби сеҳрноки дигар тайёр кардан мумкин аст. Ҷаъфарии кӯфтаро бо

картошкаи хоми майдашуда омезеду маҳлули ҳосилшударо ба дока гирифта, 10-15 дақиқа дар чашмони пӯшидаатон нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД