“Имрӯз муъҷизае шуд, ки забонам аз гуфтанаш лол мемонад, ҳар боре ба ёдам биорам, дилам ба ларза медарояд. Шумо имрӯз ҷони фарзанди маро харидед. Мову хешу табори мо агар ҳамаи дороиямонро мефурӯхтем, боз ҳам ин 3 миллионро ҷамъ оварда наметавонистем.”
Ин суханони Ҳоҷимоҳ Маҳмадова, модари Билолҷон, як тифли нӯҳсолаи бемор, ки аз варами саратони мағзи сар ранҷ мебарад, мебошад. Духтурони Русия бо сабаби надоштани шаҳрвандии ин кишвар, барои ҷарроҳии ин кӯдаки тоҷик 3 миллион рубл талаб карда буданд ва модараш муроҷиати видеои карда, барои харидани ҷони фарзандаш аз мардуми тоҷик кумак хоста буд. Дар видео дида мешуд, ки модари Билолҷон дар муроҷиаташ, махсусан аз Абдураҳим Бобоҷонов, бо тахаллуси Раҳими Ғармӣ хост, то барои наҷоти ҷони фарзанди ӯ дасти ёрии худро дареғ надоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки хабаргузории “Бомдод”рӯзи 1 октябри соли 2022 бо хоҳиши Сарвиноз Сафарова аз созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон” муроҷиати ин занро расонаӣ кард. Рӯзи 3 октябр дар муроҷиати видеои наваш бо чашмони пур аз ашки шодӣ нақл мекунад, Муҳаммадҷон ва Музаффарҷон, ду нафар ба намояндагӣ аз Раҳими Ғармӣ ба суроғи ӯ ба бемористони Маскав омада, бо табибони Билолҷон ҳам суҳбат кардаанд ва 500 ҳазор рублро ба хазинаи бемористон дар ҷояш пардохт карда, гуфтаанд, ки Раҳим тамоми 3 миллион рубл хароҷоти ҷарроҳии Билолҷонро худашро ба уҳдаи худ мегирад. Раҳими Ғармӣ ба модари Билолҷон ҳамчунин гуфтааст, тамоми хароҷоти дигари онҳоро барои он 6 моҳе, ки бояд то поёни табобати Билолҷон дар Маскав бимонанд, низ ба дӯши худ мегирад.
Ҳоҷимоҳ ба якояки ҳамватанон аз ҷумла ба Раҳими Ғармӣ изҳори сипос кард.
Саховатмании ин марди тоҷик, соҳибкори муваффақ бори аввал нест, ки оилаеро аз мушкилӣ берун намудааст. Дар арафаи иди Қурбон дар соли ҷорӣ, ба 22 оилаи ниёзманд хонаи истиқоматӣ тақдим намуд.