Аблаҳ
Марди хирадманде мардеро дид, ки занашро бо чӯб мезанад ва ба ӯ гуфт:
- Чӯб барои чорво аст, занро бояд бо зан зад. Яъне, як зани дигар бигир!
Зан, ки сухани ӯро шунид, ба шавҳараш гуфт:
- Заданро идома деҳ, ба он аблаҳ гӯш накун!
Шарм
Марди 70-солаеро занаш вафот кард. Ба писаронаш гуфт:
- Ба ман ягон зани 60-сола ёфта диҳед.
Писаронаш гуфтанд:
- Ягон зани 60-сола шавҳар намекунад, аз фарзандонаш шарм медорад.
Мард гуфт:
- Ин тавр бошад, дуто 30-солаашро биёред!
Хӯрок
Шавҳар ба занаш занг зада мегӯяд:
- Ман қариб мерасам, ягон хӯрок дорӣ?
Зан:
- Нону ҳасиб мешавад?
Шавҳар:
- Мешавад...
Зан:
- Аз мағоза нону ҳасиб биёр.