Бепарвоии волидон боиси ғарқ шудани 3 кӯдаки бегуноҳ гашт. Ҳар се кӯдак дар оби дарё ва канал ғарқ шудаанд ва ҷасади 2 нафарашон то ҳол ёфт нашудааст.
Рӯзи 12 май, ҳамагӣ дар бадали як шабонарӯз 3 кӯдаки бегуноҳ дар дарё ва обҳо ғарқ шудаанд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, фоҷиаи аввал дар ноҳияи Қубодиён ба вуқуъ пайваста, як кӯдаки 6-сола дар деҳаи Гулчини ҷамоати деҳоти Навобод барои нӯшидани об хам шуда, ба канал афтидааст. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки номурод идома дорад.
Фоҷиаи дуюм дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сар зада, навраси 14-сола дар деҳаи Лангар ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ниёв аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро сокинони деҳа 100 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карданд.
Боз як фоҷиаи дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯй дода, як кӯдаки 3-сола аз кӯчаи Беҳрӯзи шаҳраки Сомониён бехабара аз волидонаш аз хона берун шуда, дар ҷӯйбори оби полезӣ ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин тифлаки маъсум идома дорад.
Аз оғози сол дар обҳои кишварамон 35 нафар ғарқ шудаанд. Аз ин шумора 23 нафарашон бачаҳои то 16-сола, аз ҷумла, 3 кӯдаки то 4-сола, 11 нафар кӯдакони аз 5 то 10 сола ва 9 нафари дигар аз 11 то 16 сола будаанд.