Дар ҳавои хунук зуком ва дигар бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд, вале ҳавои сард ба саломатии инсон манфиат ҳам дорад.
Вақте ки ҳаво хунук мешавад, системаи муҳофизатии ҷисми инсон, яъне иммунитет ба таври автоматӣ ба мубориза бармехезад. Ҳуҷайраҳое, ки барои муҳофизати ҷисми инсон масъул мебошанд, фаъол гашта, ба муқобили вирус ва инфексияҳо мубориза мебаранд. Дар натиҷа коркарди интерферон дар организм зиёд шуда, системаи муҳофизатии ҷисм-иммунитет пурқувват мешавад.
Дар фасли зимистон шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ осонтар аст. Табибон ба маризоне, ки ба пневмония, туберкулёз, астма ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас гирифторанд, бештар дар ҳавои тоза сайругашт карданро тавсия медиҳанд. Албатта ба шарте, ки бемор таби баланд надошта бошад.
Хунукӣ дардро ба зудӣ рафъ намуда, варам ва илтиҳобро кам мекунад.
Ҳавои салқин системаи асаби инсонро ором месозад. Олимон исбот намудаанд, ки ҳавои сард ба системаи вигетативии асаб таъсири мусбат мерасонад ва ҳамзамон коркарди ҳомронҳои шодӣ-эндофринҳоро дар организм метезонад.