Lmarka 2025
3 давои халқӣ барои занҳое, ки мехоҳанд соҳиби фарзанд шаванд
18.04.2025
Oila.tj
521

Тавре табиби машҳур Садриддиншоҳ Ҷалолӣ мегӯяд, занҳое, ки дар орзуи фарзанд ҳастанд, бояд аз гиёҳи раҳдавак барои худ даво тайёр кунанд.

Тарзи омода кардани даво бисёр осон аст. Ҳамагӣ 20 грамм роҳдаваки хушкро дар як литр оби ҷӯш дам карда, дар давоми рӯз мисли чой нӯшидан мегиред. Метавонед ҳамчунин решаи офтобпарастро кӯфта ба шакли хока дароред ва бо каме равғани думба омехта карда, истифода баред.

Нусхаи дигар

Касе нест, ки дар бораи хусусиятҳои гули ҳамешабаҳор нашунида бошад. Гули ҳамешабаҳор, забони гов ва бӯймодарони маҳинбаргро омехта кунед ва 5 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехтаро ба зарфе андохта, аз болояш оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад, баъдан онро полонед ва аз ин гиёҳоб рӯзе 3 маротиба 100-граммӣ бинӯшед. Фаромӯш накунед, ки ба ин гиёҳоб асал андохтан лозим аст.

Нусхаи сеюм

Шабона пеш аз хоб асалро бо орд омехта карда, хамир шӯред ва он хамирро дар тоба гарм карда, дар рӯйи ягон матои пахтагин бигиред. Баъд ба ҷойгаҳи хобатон даромада, хамири гармакро дар қисмати поёни нофатон бандед. Эҳтиёт кунед, ки хамир бисёр сӯзон набошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД